«ФАЪОЛИЯТИ ТОҲИР СОБИРОВ-МАКТАБИ БУЗУРГИ ҲУНАРВАРӢ». Ба гиромидошти хотираи коргардони тоҷик Форуми байналмилалӣ доир шуд

Октябрь 16, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 16.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи баргузории Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» таҳти унвони «Осори ниёгон: таърих ва фарҳанги бузурги миллат дар синамо» Форуми байналмилалӣ бахшида ба 95-солагии Тоҳир Собиров баргузор гардид.

Дар кори форум синамогарон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, Беларус, Озарбойҷон, Узбекистон, Қазоқистон ва Федератсияи Русия иштирок намуданд.

Миллати тамаддунофари тоҷик дар ҷаҳон бо фарҳангу маданияти бузургаш тоҷ бар сар буда, барои рушди синамои тоҷик ва муаррифии он дар сатҳи байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо тамоми филмофарони мамлакат Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон»-ро доир намуд, ки он бори дуюм аст дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Дар форум иштирокчиён аз хизматҳои шоёни коргардони синамо, ҳунарпеша, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Рӯдакӣ Тоҳир Собиров ёдоварӣ намуданд. Иброз шуд, ки ӯ аз соли 1955 ба нақшофарӣ дар соҳаи синамо оғоз намуда, аз соли 1956 ҳамчун коргардон-таҳиягари филмҳои ҳунарӣ фаъолият намудааст. Ин устоди ҳунар филмҳои таърихӣ, муосир ва достониро рӯи навор овардааст.

Тоҳир Собиров дар филмҳои «Хати парвоз», «Вохӯрӣ дар дараи марг», «Одам пӯсташро иваз мекунад», «Марги судхӯр», «Ман бо духтаре вохӯрдам», «Ашк ва шамшер», «Афсонаҳои нави Шаҳрзода» ҳамчун коргардони дуюм фаъолият намудааст. Ин филмҳо то ба имрӯз дар дилу ёди мардум ҷой гирифтаанд.

«Тоҳир Собиров мактаби бузурги ҳунарварӣ ва филмофарӣ буд ва ҳама чизро бо сабку услуби хоси худаш ба миён меовард. Ӯ ҳидоятгару роҳбари тамоми синамогарони Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Зеро солҳои дароз вазифаи пурмасъулияти Раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистонро бар дӯш дошта, дар ин ҷода рисолаташро иҷро намуд»,-иброз гардид дар форум.

Дар ҷараёни форум ба ҳунармандон ва коргардонҳои асили тоҷик медали «Аълочии кинои тоҷик» тақдим гардид.

Ҳамчунин имрӯз дар доираи форум дар робита ба баргузории Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» ба гиромидошти хотираи неки Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Тоҳир Собиров нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Таъкид гардид, ки бо иштирок ва дастгирии филмофарони соҳаи синамои ҷаҳонӣ ва ҷалби васеи сарпарастон Синамоҷоизаи миллӣ ба арсаи мубодилаи афкори коршиносони касбӣ, таҳкими ҳамкорӣ ва таҳияи лоиҳаҳои муштарак, таблиғи арзишҳои умумибашарӣ, тарбияи зебоипарастии тамошобинони баландзавқ ва дастрасии онҳо ба филмҳои ҷаҳонӣ табдил меёбад. Бо ин барои ташаккули ҳамкорӣ дар синамои ҷаҳонӣ қадами устувор гузошта мешавад.

Зимни нишасти матбуотӣ ҳамкории синамоии давлатҳои иштирокчии синамоҷоиза баррасӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» аз 15 то 18 октябри соли равон бо мақсади ба таври шоиста муаррифӣ намудани манфиатҳои миллӣ, тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ, ифтихор аз миллати созанда, тавсифи табиати зебои диёр, ҷалби сайёҳон, дарёфти истеъдодҳои нодир дар соҳаи синамо дар доираи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 16, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад