Форуми байналмилалии TRAVEL HUB «ИТТИҲОД-2024» дар Душанбе оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 19.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии TRAVEL HUB «Иттиҳод-2024» ба кор оғоз намуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар кори форум намояндагони бахшҳои дахлдор, парлумонҳо, доираҳои тиҷоратӣ, роҳбарони ассотсиатсияҳо ва коршиносони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок доранд.
Мақсади баргузории форум афзоиши гардиши сайёҳон ба Иттиҳоди давлатҳои Мустақил, рушди робитаҳои нав байни иштирокчиёни бозори сайёҳӣ, баланд бардоштани эътироф ва ҷолибияти давлатҳои аъзо, рушди ҳамкории мутақобил ва табодули таҷриба байни мамлакатҳо дар соҳаи сайёҳии тиббӣ, экологӣ ва таърихию фарҳангӣ мебошад.
Имрӯз дар доираи форум ҷаласаи пленарӣ, даврҳои омӯзишӣ барои меҳмонхонаҳо, ҷаласаи стратегӣ, вохӯриҳо байни ширкатҳои сайёҳии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегарданд.
TRAVEL HUB «Иттиҳод — 2024» байни иштирокчиёни соҳаи сайёҳии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба платформаи калидии ҳамкорӣ табдил ёфтааст.

АКС: АМИТ «Ховар»








Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад
«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Бадахшон ба яке аз маконҳои муҳими сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ ва табобатӣ табдил ёфтааст
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
Дар шаш моҳ беш аз 930 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ мавзеъҳои сайёҳии Хатлонро тамошо намуданд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд






