Форуми байналмилалии TRAVEL HUB «ИТТИҲОД-2024» дар Душанбе оғоз гардид

Октябрь 19, 2024 10:00

ДУШАНБЕ, 19.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии TRAVEL HUB «Иттиҳод-2024» ба кор оғоз намуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар кори форум намояндагони бахшҳои дахлдор, парлумонҳо, доираҳои тиҷоратӣ, роҳбарони ассотсиатсияҳо ва коршиносони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок доранд.

Мақсади баргузории форум афзоиши гардиши сайёҳон ба Иттиҳоди давлатҳои Мустақил,  рушди робитаҳои нав байни иштирокчиёни бозори сайёҳӣ, баланд бардоштани эътироф ва ҷолибияти давлатҳои аъзо, рушди ҳамкории мутақобил ва табодули таҷриба байни мамлакатҳо дар соҳаи сайёҳии тиббӣ, экологӣ ва таърихию фарҳангӣ мебошад.

Имрӯз дар доираи форум ҷаласаи пленарӣ, даврҳои омӯзишӣ барои меҳмонхонаҳо, ҷаласаи стратегӣ, вохӯриҳо байни ширкатҳои сайёҳии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегарданд.

TRAVEL HUB «Иттиҳод — 2024» байни иштирокчиёни соҳаи сайёҳии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба платформаи калидии ҳамкорӣ табдил ёфтааст.

         АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

 

Октябрь 19, 2024 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»