Худшиносии миллӣ дар инкишофи истиқлоли сиёсӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад

Октябрь 23, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 23.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи худшиносӣ бо тамоми шаклҳои зуҳуроташ ба ҷумлаи масъалаҳои марказӣ ва мураккабтарини арзишии ҷомеа ворид мешавад. Омӯзиши ин зуҳурот  дар ҷомеаи имрӯза аҳамияти хосса касб намудааст, зеро масъалаи худшиносӣ ва махсусан худшиносии сиёсӣ барои кулли ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Чунонки Президенти Тоҷикистон иброз намудаанд, «таркиб, моҳият ва мазмуни андешаҳои миллиро муҳаббат ва садоқат ба Ватан, ифтихор аз гузаштаи пурифтихор, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқлолият, бунёди ҷомеаи пешрафта ва мутамаддинии шаҳрвандӣ ва дар маҷмуъ ғояи асосии давлати миллиӣ ташкил медиҳад. Андешаи миллӣ равандҳои дохилии иттиҳоди миллатро ташаккул дода, ҷавононро ба худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд, ба онҳо руҳияи озодихоҳӣ, ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ мебахшад.

Худшиносӣ – раванде басе душвор ва дар роҳи дарки ҳодисаҳои ҷомеаи инсонӣ баҳо додан ба дониш, малакаю маҳорат, ба манфиат ва талабот, ба идеалҳо ва қоидаҳои рафтори хеш, баҳои умумӣ ба симои ахлоқӣ ва ба худ ҳамчун ба моҳияти боҳиссиёт ва бошуур аст. Худшиносӣ дар  сатҳи муайяни инкишофи шахсият дар зери таъсири омилҳои мухталифи тарзи ҳаёт дар заминаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, равобити мутақобилаи байни одамон, давлат ва ҷомеа ташаккул меёбад. Ҷиҳати муҳимтарини худшиносиро хосияти ҷамъиятии он ташаккул медиҳад.  Зеро дар саромади он муносибати шахс бо одамони дигар меистад. Дар раванди худшиносӣ инсон мақом ва нақши хешро дар муносибатҳои мутақобили табиату ҷомеа дарк намуда, ба он мекӯшад, ки дар танзиму инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ саҳм дошта бошад ва ба муносибатҳои инсон ва ҷомеа таъсир расонад. Раванди худшиносӣ як навъ дарёфти хеш дар гирдоби ҳодисаю падидаҳои ҷомеа мебошад.

Худшиносӣ, ки падидаи мураккаб ва гуногунҷабҳа мебошад, вобаста ба муносибату талабот ва рӯовариҳои арзишии одамон дар навъҳо ва шаклҳои гуногун зоҳир мегардад. Яке аз навъҳои асосии он худшиносии сиёсӣ мебошад. Он бештар дар ду шакл: инфиродӣ ва дастҷамъӣ ба амал меояд. Ҳар шакли худшиносӣ табиати ба худ хос дорад ва аз дигар фарқ менамояд. Зуҳури ҳар яки онҳо ҳукми зарурат ва натиҷаи фаъолияти сиёсии одамон аст.

Дар сатҳи дастҷамъӣ воқеӣ гаштани худшиносии сиёсӣ якчанд хусусият дорад. Дар таркиби неруҳои мухталифи сиёсӣ ва ё умумияти гуногун одамон зудтар ва осонтар талаботу манфиатҳо ва идеалҳои сиёсии худро дониста мегиранд. Ба мақом ва нақши хеш дар муносибатҳои сиёсии ҷомеа хубтар сарфаҳм мераванд. Худшиносии сиёсӣ имконият ва қобилияти одамон дар сатҳи инфиродӣ, дар таркиби иттиҳодияҳои ҷамъиятию сиёсӣ, неруҳои сиёсӣ ва умумиятҳои иҷтимоӣ оид ба дарк намудани мақом ва нақши хеш ба сифати субъектҳои махсуси муносибатҳои сиёсӣ, фаъолияти сиёсӣ ва иштироки онҳо дар раванди сиёсӣ ва инчунин оқибатҳои воқеигардии ин қобилият мебошад.

Худшиносии сиёсӣ, ки қисми таркибии шуури сиёсӣ мебошад, се ҷиҳати асосӣ дорад:

1.Худшиносии сиёсӣ ҳамчун ягонагии худмаърифатии сиёсӣ баромад менамояд. Шахс ба саволҳои зиёду гуногун ҷавоб меҷӯяд: Ман кистам? Мақом ва нақши ман дар раванди сиёсӣ чӣ гуна аст?  Мақсад, вазифаҳо ва нақшаҳои ояндаи фаъолияти сиёсии ман  чӣ гунаанд? Ман чӣ манфиату талабот дорам? Кадом афзалиятҳо дорам? Худмаъррифатии сиёсӣ ба сифати маҷмуи донишҳои объективии даркшудаи одамон нисбат ба мақом ва нақшашон дар сиёсат, фаъолияти сиёсӣ ва раванди сиёсӣ амал менамояд. Маълумот ва муқоисаю таҳлили онҳо бо тасаввурот дар бораи нақши одамон, имконият ва қобилияти онҳо дар муҳити мазкур дар маънии хусусияти худмаърифатии сиёсӣ дониста мешаванд;

2.Ҳиссиёти сиёсӣ, ки оид ба масъалаҳои зерин шахсро ба андеша водор намуда, ба онҳо ҷавоби мувофиқ меҷӯяд: Оё кас аз мақом ва нақше, ки дар муносибатҳо ва низоми сиёсӣ дорад, қаноатманд аст ё не? Оё натиҷаҳои фаъолияти сиёсӣ ва иштироки сиёсӣ шахсро қонеъ менамояд ё не? Фаъолияти сиёсӣ дар кадом ҳолатҳо ба муносибатҳои эҳтиромона ва дар кадом ҳолатҳо ба инкори амали хеш меорад? Пас аз он ҳолати дигари сифатӣ пайдо мешавад.

3.Худбаҳодиҳии сиёсӣ.  Дар ин маврид шахс ба қобилият, имконият, натиҷаҳои эҳтимолӣ  ва пешомади фаъолияти сиёсии хеш баҳо медиҳад. Тасаввурот дар бораи афзалияти хеш, камбудиҳо ва нақши сиёсии шахс дар ташаккули худшиносии сиёсӣ аҳамияти махсус пайдо менамояд.

Худшиносии сиёсӣ метавонад ба омили муҳими таҳкими истиқлолият ва давлатдорӣ табдил ёбад. Махсусан, дар давраи муосири инкишофи давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зарурати дарки амиқ ва тавсифи пурраю фаҳмои масъалаҳои асосии рушди давлати миллӣ ва ташхиси пешомади давлатдорӣ ба миён омадааст, инкишофи худшиносии сиёсии омма аҳамияти муҳим пайдо менамояд. Чуноне ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор  менамоянд: «Миллате, ки худшиносии миллиро аз даст додааст, аз файзи хираду фарҳанги исломӣ ва умумибашарӣ низ дар канор мемонад».

Бояд иброз намуд, ки худшиносии миллию сиёсӣ дар инкишофи истиқлолияти сиёсӣ низ таъсири назаррас дорад. Ҳолати  мавҷудияти ҳар миллат дар истиқлолият аст ва ҳатто андешаи истиқлол ба инсон қудрати бузурге эҳдо намуда, иродаи ӯро қавӣ мегардонад. Пас, истиқлолияти андеша бар асоси маърифати ҳастӣ буда, инсонро ба озодӣ ва худогоҳии миллӣ раҳсипор намуда, эътиқоди ӯро нисбат ба Ватан  ва истиқлолияти он дучанд мегардонад. Истиқлолияти Тоҷикистон бузургтарин омили рушду инкишоф ва шинохти асолати миллӣ мебошад.

Чуноне ки маълум аст, имрӯз аксарияти кишварҳои тараққиёфтаи ҷаҳон, ба монанди Амрико, Олмон, Ҷопон ва Чин оид ба масъалаҳои қобилияти миллӣ барномаҳои махсуси давлатӣ доранд ва аз сатҳи мактабҳои таҳсилоти умумӣ то дигар муассисаҳои таълимии олӣ ба қобилияти миллии худ таваҷҷуҳи калон зоҳир менамоянд. Зеро хуб медонанд, ки ояндаи давлату миллат  аз тарбияи қобилияти миллӣ вобастагӣ дорад. Дар баробари ин пойдории дарозмуҳлати истиқлолияти сиёсии миллатҳо низ ба шахсиятҳо ва қобилияти миллӣ вобастагӣ дорад.

Ҳамин тавр, бе истиқлолу озодӣ ҳеҷ миллате фурсати тавоноӣ ва қудрате надорад, ки худро муаррифӣ намояд. Бо ҳамин асос бузургтарин арзиши озодӣ истиқлолияти том аст, ки тамоми зарфияти иқтидор ва тавонмандии фард ва ҷомеаро  таъмин менамояд. Пас, истиқлолу озодӣ қатъиян барои таҳлилу таҳқиқ ва худшиносии миллию сиёсӣ заминаи босазо гузошта, ба ташаккули идеяи нави миллӣ такони ҷиддӣ бахшида метавонад.

Рухсора РАСУЛЗОДА,
ассистенти кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита
бо ҷомеаи Академияи идоракунии давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 23, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
НЕРУИ СИЁСИИ ПУРИҚТИДОР ВА МАКТАБИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ ТАВОНО. Ба ифтихори 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон