Иштирокдорони конфронси байналмилалӣ Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Дашти Ҷум»-ро тамошо намуданд
ДУШАНБЕ, 22.10.2024 /АМИТ«Ховар»/. Иштирокдорони конфронси 9-уми байналмилалӣ оид ба ҳайвоноти кӯҳӣ ба мавзеи мамнуъгоҳи табиии давлатии «Дашти Ҷум»-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин сафар намуда, бо олами бойи набототу ҳайвоноти он шинос шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳадафи сафар ба ин мавзеи табиӣ шиносоӣ бо Тоҷикистони баландкӯҳ, фарҳангу оини аҳолии минтақа ва мушоҳидаи ҳайвони нодири Морхӯр буд, ки дар баландкӯҳҳои Тоҷикистон зиндагӣ мекунад. Барои меҳмонон хатсайри муфассал пешниҳод карда шуд, ки на танҳо мушоҳидаи Морхӯр, балки шиносоӣ бо фарҳанги минтақа, анъанаҳои сокинони маҳаллӣ ва манзараҳои зебои табииро дар бар гирифт. Меҳмонон дар майдони махсус тавассути дурбинҳо ва қубурҳои назоратӣ таҳти роҳбарии кормандони ботаҷрибаи Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Дашти Ҷум» тавонистанд морхӯрҳоро дар муҳити табииашон- дар байни доманакӯҳҳои сангвор ва чарогоҳҳои сабзу хуррам бубинанд.
Аз ҷониби мутахассисони ботаҷрибаи мамнуъгоҳ ба меҳмонон оид ба Барномаи ҳифзи Морхӯр ва аҳамияти ҳифзи муҳити табиии ҳайвонот маълумот дода шуд. Меҳмонон инчунин зимни тамошои барномаи фарҳангӣ бо расму оини аҳолии ин минтақаи баландкӯҳи Тоҷикистон шинос шуданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






