Кишоварзони ноҳияи Спитамен дар 5 ҳазору 657 гектар кишти чигит гузарониданд
ДУШАНБЕ, 29.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Спитамен соли 2024 дар 5 ҳазору 657 гектар кишти чигит гузаронида, имсол нақша доранд 14 ҳазору 647 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд. То 25 октябр 8 ҳазору 29 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 54,8 фоизи нақша баробар мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен хабар доданд.
Хоҷагии деҳқонии «Сурхзамин»-и Ҷамоати деҳоти Истиқлол дорои 50 гектар замини корам буда, соли равон дар 24 гектар пахта чигит кишт намуданд. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 38 сентнериро ташкил медиҳад.
Дар ҷамоат имсол дар 350 гектар кишти чигит гузаронида шуда, нақшаи истеҳсол беш аз 53 дарсад таъмин гардидааст.
Пахта ашёи хоми саноатӣ ба ҳисоб рафта, сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани он боиси рушди соҳа, таъмини коргоҳҳои нассоҷӣ бо маҳсулоти хом ва ба кори доимӣ ҷалб намудани сокинон мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Ширкати «БТК Групп»-и Федератсияи Русия дар ноҳияи Спитамен ба кишту парвариш, коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ машғул мебошад. Ҳоло аз тарафи муассисони ширкат сохтмони хати нави коркарди пахта дар марҳилаи анҷом қарор дорад.
Дар коргоҳи навбунёд дар як шабонарӯз беш аз 300 тонна пахта қабул ва коркард карда мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен








Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад






