Масъалаи барқарории робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Кирмоншоҳи Эрон ва яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон матраҳ шуд
ДУШАНБЕ, 03.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 27-28 сентябр дар шаҳри Кирмоншоҳи Эрон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо роҳбарияти вилоят ва шаҳри Кирмоншоҳ, ҳамчунин бо фаъолони иқтисодии ин вилояти Эрон мулоқотҳо анҷом дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Аз ҷумла, дар мулоқот бо раиси вилояти Кирмоншоҳ Муҳаммадтайиб Саҳроӣ масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, ҳамлу нақл ва фарҳангии дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо раиси шаҳри Кирмоншоҳ Нодири Наврӯзӣ масъалаи барқарории робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Кирмоншоҳ ва яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон матраҳ гардид.
Дар мулоқот бо раиси Палатаи савдо, саноат, маъдан ва кишоварзии вилояти Кирмоншоҳ Салими Сосонӣ ва фаъолони иқтисодии вилоят зарфият ва тавонмандиҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ шуда, ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкорӣ дар ин самтҳо изҳори алоқамандӣ карданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд
Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Кувайт мулоқот кард
Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт






