Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд

Октябрь 21, 2026 11:35

ДУШАНБЕ, 21.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева шинос шуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, зимни шиносоӣ ба донишҷӯён оид ба таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи бисёрҷониба, ба хусус ташаббусҳои кишвар дар самтҳои дипломатияи об, сулҳ ва зеҳни сунъӣ маълумот пешниҳод гардид. Ҳамзамон масъалаи пешсафии Тоҷикистон дар ҳамкории  байналмилалӣ ва талошҳои мамлакат барои мусоидат ба муколама ва ҳалли мушкилоти глобалӣ дар доираи платформаҳои бисёрҷониба мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

 

 

Октябрь 21, 2026 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Сеул таҷлил намуданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистону Миср дар кишварҳои якдигар баррасӣ гардид
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Туркманистон таҷлил намуданд
Ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Урдун баррасӣ шуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём ифтитоҳ шуд
Президенти Тоҷикистон: «То ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ зери парчами миллӣ ба хотири боз ҳам обод гардонидани Ватани аҷдодӣ заҳмат мекашем»
Дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Урдун мулоқот намуд
Дар Париж ба бузургдошти Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём чорабиниҳои илмию фарҳангӣ доир мегарданд
Дар Теҳрон масъалаи баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид
Дилрабо Мансурӣ дар Конфронси дуюми ҷаҳонии вазирон оид ба хотима додан ба зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Аҳмадии Кувайт вохӯрӣ намуд