МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Меваи дӯлона барои табобати бемориҳои рагу дил, асаб, диабети қанд ва тарбод муфид мебошад

Октябрь 14, 2024 09:00

ДУШАНБЕ, 14.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дӯлона аз меваҳои даштие мебошад, ки дар фасли тирамоҳ пухта мерасад. Дӯлона махсусан барои табобати бемориҳои рагу дил, асаб, диабети қанд ва тарбод муфид ҳисобида шуда, холестирини хунро дар организми инсон паст мекунад.

Ба тавсияи табибон, нафароне, ки лоғар ҳастанд, бояд дӯлона истеъмол намоянд. Зеро дӯлона баданро фарбеҳ карда, инчунин фишори баланди хунро паст мегардонад. Оби дӯлонаро бо шакар бинӯшанд, дарди сареро, ки аз гармӣ бошад, рафъ менамояд.

Дар тибби халқӣ мева ва баргу гули дӯлона ҳамчун маводи шифобахш истифода мешавад. Меваи пухтаи дӯлона дар таркиби худ микроэлементҳои зиёд, аз қабили фосфор, калсий, синк, оҳан ва магний дорад, ки барои бунияи инсон манфиатовар ҳастанд. Инчунин он аз витаминҳои С, Р бой аст.

Агар нафаре, ки ба бемории дарунравӣ гирифтор гардад, аз меваи дӯлона каме бо илова аз алафи заргулак (пижма) ва хуч чой дам карда нӯшад, тезтар шифо меёбад. Аз он ки дӯлона хусусияти паст кардани дардро дорад, онро метавон ҳангоми дарди сар, дарди миёну буғумҳо ва тахтапушт истифода кард.

Инчунин дӯлона ба муқобили бактерияҳои зараровар муборизаи фаъолона бурда, хатари гирифтор шудан ба бемориҳои сироятиро кам мекунад. Шахсоне, ки мехоҳанд дандонҳои солим дошта бошанд, бояд бештар дӯлона истеъмол намояд, зеро он девораи дандонҳоро пурқувват месозад.

Табибон тавсия медиҳанд, ки истеъмоли аз ҳад зиёди дӯлона ба гурда зарар дошта, меъдаро заиф менамояд. Инчунин зиёд истеъмол намудани он фишорро паст мекунад. Ба кӯдакон низ истеъмоли зиёди дӯлона зарар дошта, онҳоро гирифтори дарди шикам ва дилбеҳузурӣ мекунад.

Аз меваи дӯлона мисли дигар меваҳо муррабо омода карда мешавад. Ҳамчунин онро дар Офтоб хушк карда, дар фасли зимистон аз он обмева омода намудан мумкин аст.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Октябрь 14, 2024 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!