Намояндагони Бонки Осиёии рушд ёдгории таърихии Қалъаи Ҳисорро тамошо намуданд

Октябрь 24, 2024 13:16

ДУШАНБЕ, 24.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Бонки Осиёии рушд, ки бо мақсади баррасии ҷараёни татбиқи лоиҳаи «Рушди сайёҳӣ» аз 21 то 25 октябр дар Тоҷикистон қарор дорад,  ба тамошои Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор рафта, бо ин ёдгории қадимӣ аз наздик шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.

Ёдгории таърихии  Қалъаи Ҳисор ба лоиҳаи афзалиятноки сармоягузории «Рушди шабакаи сайёҳии фарҳангии Тоҷикистон», ки аз ҷониби ширкати байналмилалии машваратии JV Hidria, Подшоҳии Испания таҳия шудааст, ба Нақшаи генералии ҳамгироишудаи сайёҳии Душанбе, минтақаҳои атрофи он ва вилояти Хатлон ворид гардидааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Октябрь 24, 2024 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад