Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии рушди байналмилалии Амрико баррасӣ шуд

Октябрь 9, 2024 09:50

ДУШАНБЕ, 09.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 8 октябр мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин бо муовини ёвари маъмури Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USAID) оид ба масъалаҳои Осиё Анҷали Каур баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот вазъ ва дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва маъмури Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USAID) дар самти татбиқи лоиҳаву барномаҳои амалкунанда дар бахшҳои иқтисодӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ ва маориф баррасӣ гардид.

Инчунин ҷонибҳо оид ба шарикӣ дар миқёси минтақаи Осиёи Марказӣ доир ба масоили обу энергетика ва савдо мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 9, 2024 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Масири дӯстӣ: Марҳилаи нави таърихӣ дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони Котиботи давлатии ИМА мулоқот намуд
САФАРИ ТАЪРИХӢ БА ҚАЛБИ ОСИЁ. Ва ё чаро Муғулистон барои Тоҷикистон муҳим аст?
Дар Москва қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» муаррифӣ шуд
Дар Масқат масъалаи рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ шуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт баррасӣ шуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи сатҳи баланди сиёсӣ ва амниятии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё мулоқот намуд
Мероси Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар нишасти байналмилалӣ дар Теҳрон баррасӣ гардид
Мусоҳибаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо рӯзномаи «Умон»
Идибек Қаландар бо муовини Дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Аврупо мулоқот намуд
Дар Теҳрон масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи нақлиёт баррасӣ гардид