ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИН МАВРИД ҲУШДОР ДОДА БУДАНД. Ба пешгӯии коршиносон, то соли 2100 ҳарорати ҳаво дар кураи Замин эҳтимол то 3 дараҷа баланд шавад

Октябрь 10, 2024 09:55

ДУШАНБЕ, 10.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин самт тадбирҳои мушаххас меандешад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб дар тамоми суханрониҳояшон, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи мамлакат таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба вазъи хеле ҳассосу мураккаби ҷаҳони имрӯза ҷалб намуда, пайваста аз равандҳои пуртазоди геосиёсӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, шиддат гирифтани “ҷанги сард”, низоъҳои мусаллаҳона, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ ҳушдор медиҳанд.

Имрӯз масъалаи тағйирёбии иқлим воқеан на танҳо экологҳо, балки тамоми мардуми оламро ба ташвиш овардааст. Гармшавии бесобиқаи ҳаво, афзудани таркиби озони атмосфера, ба амал омадани офатҳои гуногуни табиӣ ва дар натиҷа ворид гардидани хисороти зиёд ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии давлатҳо- ин ҳама нишонаҳои тағйир ёфтани иқлими сайёра мебошанд. Ҳоло ин мушкилӣ ба яке аз масоили мубрами глобалии сайёра мубаддал гардидааст.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 сентябри соли равон зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид иброз доштанд, ки «солҳои охир офатҳои табиӣ дар баробари хушксолиҳои пайдарпай ба соҳаҳои кишоварзӣ, муҳити зист ва дар маҷмуъ ба иқтисодиёти кишварҳои рӯ ба тараққӣ хисороти зиёд ворид менамоянд. Тоҷикистон низ, ки 93 фоизи қаламраваш кӯҳсор мебошад, бинобар мунтазам рух додани офатҳои табиӣ аз тағйирёбии иқлим осебпазир аст.

Офатҳои табиӣ ҳамасола ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба маблағи садҳо миллион доллари амрикоӣ зарар расонида, мутаассифона, дар бисёр мавридҳо боиси талафоти зиёди ҷонӣ низ мегарданд».

Бояд гуфт, ки тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ мегардад. То имрӯз аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки сарчашмаи асосии оби ошомиданӣ дар минтақа мебошанд, зиёда аз як ҳазораш пурра об шуда, суръати обшавии онҳо рӯ ба афзоиш аст.

Ин дар ҳолест, ки бориш ва пиряхҳои Тоҷикистон то 60 фоизи манбаи ташаккулёбии захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд.

Зимнан бо ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 барои рушди ҳамкории тарафҳои манфиатдор заминаи муносиб фароҳам меорад.

Тибқи қарори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчунин 21 март ҳамасола ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муқаррар гардидааст.

Дар ин замина соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси аввалини сатҳи баланд оид ба масъалаи пиряхҳо баргузор мегардад.

Конфронси дарпешистодаи оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2028 дар Душанбе ва идомаи истифодаи платформаи «Раванди оби Душанбе» барои пешбарии масъалаҳои об далели пешсафии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои об дар миқёси ҷаҳон мебошанд.

Таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо дар Тоҷикистон нигаронкунанда мебошад, зеро дар ҷумҳурии мо дар асри гузашта 30 дарсади пиряхҳо об шудаанд. Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки дар натиҷаи он Хазинаи боварии Созмони Милали Муттаҳид барои ҳимоят аз обшавии пиряхҳо таъсис гардид, низ бо ҳамин мақсад пешбарӣ гардидааст.

Яке аз сабабҳои тағйирёбии иқлим, ки боиси обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ гардидааст, гармои шадид дар саросари ҷаҳон ва эҳтимоли баландшавии ҳарорат дар кураи Замин мебошад.

Воқеан, тавре ки Президенти Тоҷикистон 17 августи соли равон зимни суханронӣ дар ҳамоиши сеюми Садои ҷаҳони Ҷануб таҳти унвони «Тақвияти ҷаҳони Ҷануб барои ояндаи устувор» иброз намуданд, «раванди тағйирёбии иқлим имрӯз нишони он аст, ки эҳтимол дар чанд соли оянда вобаста ба баландшавии ҳарорати ҳаво мо шоҳиди боз дигар рақамҳои рекордӣ гардем».

Тобистони имсол дар саросари ҷаҳон садҳо миллион нафар ба гармои шадид дучор шуданд. Моҳи июли соли 2024 давоми тамоми таърихи мушоҳидаҳо моҳи аз ҳама гармтарин буд, иттилоъ додааст Созмони ҷаҳонии метеорологӣ бо истинод ба маълумоти Раёсати миллии таҳқиқоти уқёнусӣ ва фазоии ИМА.

Гармои тӯлонӣ ва шадид бори дигар зарурати амалҳои фавриро дар мубориза бо тағйирёбии иқлим ва мутобиқ шудан ба пайомадҳои он таъкид мекунад. Ба таъкиди коршиносони экологӣ, «танҳо мутобиқшавӣ ба иқлим кофӣ нест. Мо бояд сабаби аслии онро пайдо ва нисбат ба коҳиш додани сатҳи рекордии партовҳои газҳои гулхонаӣ муносибати ҷиддӣ кунем».

Тибқи гузориши нави Созмони ҷаҳонии метеорологӣ (WMO), соли 2023 хушктарин ва камобтарин сол барои дарёҳои ҷаҳон дар беш аз се даҳсола гардид, ки аз кам будани захираҳои обӣ дарак медиҳад.

Ҳоло дастрасии 3,6 миллиард нафар ба об давоми як моҳ дар як сол маҳдуд гардидааст. Дар назар аст, ки ин рақам то соли 2050 ба беш аз 5 миллиард нафар расад.

Дар гузориш оид ба «Вазъи захираҳои обии ҷаҳонӣ» гуфта шудааст, ки пиряхҳо дар ним асри охир пиряхҳо дар ҳаҷми бузургтарин об шуда, беш аз 600 гигатонн об талаф ёфтааст. Соли 2023 пайиҳам соли дуюм аст, ки дар он ҳама минтақаҳои ҷаҳон, ки дорои пиряхҳо мебошанд, оид ба талафоти ях хабар медиҳанд.

Ҳодисаҳои рухдода асосан ба обшавии фавқулодаи пиряхҳо дар қисмати ғарбии Амрикои Шимолӣ ва Алпҳои аврупоӣ рабт доранд. Пиряхҳои Швейтсария дар ду соли охир тақрибан 10 дарсад ҳаҷман камшудаанд. Дар мавриди ҳаҷми қабатҳои барф бояд гуфт, ки баҳору тобистони соли 2023 ин нишондиҳанда дар Амрикои Шимолӣ дар тамоми давраи мушоҳидаҳо (1967-2023) дар сатҳи пасттарин буд.

Ҳарорати баланди ҳаво дар соли 2023 сабаби хушксолиҳои дарозмуддат гардид. Дар саросари ҷаҳон ҳамчунин миқдори зиёди обхезиҳо ба мушоҳида расид.Ба рӯйдодҳои фавқулодаи гидрологӣ шароити табиии иқлим — гузариш аз хунукии шадидтарин ба ҳарорати баландтарин дар нимаи соли 2023 ва инчунин тағйирёбии иқлим аз ҷониби инсон таъсир расонидаанд.

Тибқи маълумоти Гурӯҳи байниҳукуматии коршиносони Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим, дар ҳудуди Аврупои Ҷанубӣ метавонанд биёбонҳо пайдо шаванд, ки сабаби ташаккули онҳо гармшавии глобалӣ мегардад.

Ба иттилои манбаъ, «тамоми Аврупо осебпазир аст, бахусус баҳри Миёназамин. Мо аллакай мушоҳида кардаем, ки биёбоншавӣ на танҳо дар Африқои Шимолӣ, балки дар канораҳои ҷанубии Аврупо, аз қабили Юнон, Португалия ва Туркия низ ба амал меояд».

Тавре коршиносон менависанд, гармшавии глобалӣ метавонад иқлими бисёр кишварҳоро ба намнок ва гарм табдил диҳад. Ин пеш бурдани намудҳои гуногуни фаъолияти иқтисодиро душвор мегардонад. Ба пешгӯии коршиносон, то соли 2100 ҳарорати ҳаво дар минтақа эҳтимол то 3 дараҷаи Селсия баланд шавад.

Ба таъкиди Президенти Тоҷикистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, аз лиҳози таъсири пайомадҳои тағйирёбии иқлим яке аз мамлакатҳои осебпазири ҷаҳони Ҷануб ба шумор меравад. Давлати мо ҳамасола ба обхезӣ, сел, фаромадани ярчу тарма ва дигар офатҳои табиӣ рӯ ба рӯ мегардад, ки аз он хисороти зиёди молӣ ва дар бисёр мавридҳо талафоти ҷонӣ мебинад.

Маҳз ба ҳамин хотир Президенти Тоҷикистон ташаббус оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кардани соли 2025-ро пешниҳод намуданд, ки он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии ҳамаҷониба ёфт.

Аз ин рӯ имрӯз мо, мардуми Тоҷикистон ва тамоми давлатҳои ҷаҳонро зарур аст, ки иқдом ва ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба масъалаҳои об ва тағйирёбии иқлим ҳамаҷониба ҷонибдорӣ ва тарғиб намоем. Имрӯз дар пасманзари пайомадҳои тағйирёбии иқлим ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки дар ҷараёни истифодаи захираҳои табиӣ ва фаъолияти бемайлони соҳаҳои мухталифи ҳаёти инсон аз ибтикороти дастҷамъона кор бигирад.

Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

 

Октябрь 10, 2024 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Баргузории он асос барои таъмини амнияти миллӣ маҳсуб мешавад
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
«ЭЙ ВАТАН, БО ПЕШВОЯТ ЗИНДА БОШ!». Андешаҳо дар ҳошияи Рӯзи Президент
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст