Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 14.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 18 октябр дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе баргузории Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
16 октябр маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар назар аст.
Дар доираи ин чорабинии фарҳангӣ, дар майдони 800-солагии Москваи шаҳри Душанбе намоиши ҳунарҳои мардумии Давлати Қатар ташкил мегардад. Ҳамчунин баргузории чорабиниҳои канории Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар шаҳри Норак низ дар назар дошта шудааст.
Мавриди тазаккур аст, ки Тоҷикистону Қатар ҳамчун мамлакатҳои дорои таъриху фарҳанги бостонӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ баҳри нигаҳдошт ва рушди фарҳанги асили миллӣ, рисолати хешро иҷро менамоянд. Таҳкиму тавсеаи равобити фарҳангӣ мавриди таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарони ду давлати дӯст қарор дорад. Дар ин замина рӯзҳои 22-26-уми ноябри соли 2018 нахустин Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар пойтахти Қатар — шаҳри Давҳа баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки чорабиниҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби воситаҳои ахбори оммаи Давлати Қатар ба таври васеъ инъикос ёфта, аз ҷониби ширкатҳои гуногуни телевизионӣ низ намоиш дода шуданд. Аз ҷумла, рўзномаи «Ал Ватан»-и Давлати Қатар ҷараёни Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин кишвар муфассал инъикос намуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид






