Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 04.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин мулоқот анҷом доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи имрўза ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид намуданд, ки тавсеаи ҳамкории гуногунҷанба бо Федератсияи Русия дар сиёсати хориҷии кишвари мо мавқеи муҳим дошта, нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар ин самт хеле назаррас аст.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки ҳамкории байнипарламентӣ байни ду давлат тамоили мусбати рушд дорад.
Ҷонибҳо зарурати идомаи талошҳои муштаракро ҷиҳати тавсеа ва фаъолгардонии ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ иброз намуданд.
Дар ҷараёни суҳбат инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима гардиданд.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе









Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






