СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар нуҳ моҳ ба маблағи беш аз 36 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст

Октябрь 25, 2024 10:12

ДУШАНБЕ, 25.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаҳои саноатии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи имсол якҷо бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 36,3 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 (нуҳ моҳи соли 2023) бо нархҳои муқоисавӣ 15,3 фоиз афзудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии омории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҷумҳурӣ дар нуҳ моҳи соли равон 3692 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ 345 адад, коркард- 3175 адад, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво- 72 адад, таъминоти об ва коркарди партовҳо 100 адад фаъолият намудаанд. Аз ин шумора 1198 адад (32,5 фоиз аз шумораи умумии корхонаҳо) ба вилояти Суғд, 864 адад (23,4 фоиз) ба вилояти Хатлон, 794 адад (21,5 фоиз) ба шаҳри Душанбе, 699 адад (18,9 фоиз) ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 137 адад (3,7 фоиз) ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рост меояд.

Саноат яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди мамлакатҳо ва тавлидкунандаи асосии неъматҳои моддӣ ба ҳисоб меравад. Рушди он ба пешрафти бахшҳои дигари иқтисодиёт заминаи мусоид гузошта, нуфузу мавқеи давлатро дар арсаи байналмилалӣ устувор менамояд. Истеҳсолоти саноатӣ назар ба дигар соҳаҳои иқтисод, аз ҷумла кишоварзӣ тадриҷан рушд намуда, саҳми он дар таъмини шуғли аҳолӣ, содироти маҳсулот, афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва дар маҷмуъ рушди иқтисодии мамлакатҳо нақши бузург пайдо кардааст.

Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард дар ин давра ба 20,3 миллиард сомонӣ расида, аз он маҳсулоти хӯрокворӣ якҷо бо нӯшокиҳо ва тамоку 7,7 миллиард сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 2,3 миллиард сомонӣ, истеҳсоли маҳсулот аз чӯб ва коғаз, фаъолияти табъу нашр 555,7 миллион сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ 46,7 миллион сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ 425,0 миллион сомонӣ, ҳар гуна маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ 2,9 миллиард сомонӣ, истеҳсолоти металлургӣ ва истеҳсоли маснуоти тайёри филизӣ 5,4 миллиард сомониро ташкил дод.

Дар моҳҳои январ– сентябри соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ якҷо бо нӯшокиҳо ва тамоку 9,2 фоиз зиёд шуд, ки ин 25,9 фоиз аз ҳисоби истеҳсоли макарон, 30,4 фоиз аз ҳисоби маҳсулоти қаннодӣ ва 16,7 фоиз аз ҳисоби нӯшокиҳои бе спирт ба вуҷуд омадааст.

Дар сохтори ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ ҳиссаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоятҳои Суғд (56,5 фоиз) ва Хатлон (23,4 фоиз) афзалият дорад.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Октябрь 25, 2024 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид