«Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид

Октябрь 7, 2024 13:13

ДУШАНБЕ, 07.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» 30 сентябр зимни баргузории маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид.

«Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» бо назардошти «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», таҷрибаи аз амалисозии барномаҳои қаблӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ андӯхта, таҳлили умумии вазъи кунунии соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқ ба муносибати нави ҷомеаи ҷаҳон ба масъалаҳои амалишавии Ҳадафҳои Рушди Устувор таҳия гардида, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар 15 соли оянда муайян менамояд.

Тавре сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратулло Қурбонзода ба АМИТ «Ховар» иброз намуд, Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар баробари ҳуҷҷатҳои дигари стратегии мамлакат ва барномаҳои давлатӣ таҳти назорати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2023 изҳор доштанд, ки «аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар соли 2023 қабул гардидани Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2040 ва Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 ба ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҷойдошта мусоидат менамояд».

Самтҳои асосӣ ва нишондиҳандаҳои стратегия вобаста ба се давраи зиндагӣ (ҳомиладорӣ, кӯдакию наврасӣ, синну соли қобили меҳнат ва давраи пиронсолӣ) тибқи арзёбии хавфҳо (сиёсӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ) муайян мегарданд.

Иброз шуд, ки дар баробари дастовардҳои назаррас дар таъмин ва пешбарии ҳукуқи занон ва духтарон дар Тоҷикистон то ҳол дар ин самт баъзе норасоиҳо ба мушоҳида мерасанд, ки ҳалли онҳо барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии занон ва духтарон зарур мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолият ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, фарогирии духтарон ба таҳсил, пешгирии зӯроварӣ ва хушунат нисбат ба занон, таъмини имконияти баробар дар идоракунӣ, таъмини ҳуқуқҳои баробари иқтисодӣ ва ҷанбаъҳои дигари муҳими ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ чораҳои назаррас ва барномаҳои мушаххасро амалӣ менамояд.

Таҳқиқоти солҳои охир нишон медиҳад, ки дар баъзе самтҳо, махсусан дар самти пешгирии осебпазирии иҷтимоиву иқтисодӣ ташвишҳои зиёд боқӣ мондаанд. Аз ҷумла, масъалаи зӯроварӣ ва хушунат нисбат ба занон ва духтарон то ҳол ҷой дорад. Аз ин рӯ вобаста ба ин масъалаҳо дар амалӣ гардидани стратегия якчанд тадбирҳо амалӣ мегарданд.

«Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои амалисозии самараноки стратегия ва нақшаи амали он тадбирҳои дахлдор андешида, бо мақомоти дигари давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шарикони рушд дар ин самт ҳамкорӣ менамоянд»,-гуфт Қудратулло Қурбонзода.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Октябрь 7, 2024 13:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва марҳилаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» рӯнамоӣ гардид
Дар Хадамоти иҷро оид ба татбиқи хизматрасониҳои электронӣ машварати омӯзишӣ доир гардид
Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии бехатар баррасӣ шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ ва бехатар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон Даҳаи дастгирии шири модар оғоз гардидааст
«ҲУҚУҚ БА САЛОМАТӢ». Таҳти чунин унвон озмуни байналмилалӣ доир мегардад
Лагери истироҳатию солимгардонии «Саодат» 360 кӯдакро ба истироҳат фаро гирифт
494 нафар донишҷӯ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро бо дипломи аъло хатм намуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ гуна патентро аз даст надода, фаъолияти меҳнатиро дар Русия ба таври қонунӣ анҷом додан мумкин аст?
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба даҳаи миллии дастгирии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ таҳти унвони «Шукуҳи Истиқлол» иқдоми таблиғотӣ идома дорад
Моҳи охири фасли тобистон дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 1 дараҷа баланд мешавад