ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 октябр, шанбе, 293-юмин рӯзи соли 2024 аст
Соли 2010 дар шаҳри Душанбе аввалин Форуми байналмилалӣ – сармоягузорӣ оид ба савдои агросаноатӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.
***
12 сол пеш, 19 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Украина ва Нидерландия эътимоднома қабул намуданд.
***
19 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.
***
19 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис оғоз гардида, се рӯз идома ёфт.
***
19 октябри соли 2015 бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хати нави интиқоли барқи «Қайроққум-Ашт» мавриди истифода қарор гирифт.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои шинос шудан бо ҳолати роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар шимоли мамлакат ба вилояти Суғд тавассути нақлиёти автомобилӣ сафар намуданд.
***
19 октябри соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи қарзии Лоиҳаи беҳтаргардонии роҳи мошингарди Душанбе- сарҳади Узбекистонро ба тасвиб расонид.
***
Соли 2018 дар пойтахти Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии илмии «Мавлоно — васлгари халқҳо ва тамаддунҳо» доир шуд.
***
19 октябри соли 2020 ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид гардиданд.
***
19 октябри соли 2022 ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 26-уми Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ дар Кореяи Ҷанубӣ иштирок намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-ро ба истифода супориданд.
19 ОКТЯБР:
Рӯзи ҷаҳонии иттифоқҳои қарзӣ.
***
Дар Русия -Рӯзи хонандагони литсейҳо.
***
Дар Қазоқистон -Рӯзи наҷотдиҳандагон.
***
Дар Молдова- Рӯзи ҳуқуқшинос.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААСТ:
Равшан Тӯрабеков-соли 1936 — ҳунарпеша ва режиссёр. Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон (1981).