«ТАРБИЯ АЗ ОИЛА САРЧАШМА МЕГИРАД». Вобаста ба масъалаҳои оиладорӣ ва тарбияи фарзандон озмуни ҷумҳуриявӣ эълон мешавад

Октябрь 6, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 06.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои «Барномаи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» вобаста ба масъалаҳои оиладорӣ ва тарбияи фарзандон таҳти унвони «Тарбия аз оила сарчашма мегирад» Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин маводи назмию насрӣ эълон менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи мамлакат хабар доданд.

Озмун бо мақсади ҷалби ҷомеа ба мутолиаи китоб, бедор намудани майлу рағбат ба эҷодиёт, эҷодкорию суханварӣ, тарбияи наврасон дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ, зебоипарастӣ ва пешигирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб гузаронида мешавад.

Озмун аз рӯйи номинатсияҳои «Беҳтарин маводи назмӣ» (шеър, ғазал, достон, қасида) ва «Беҳтарин маводи насрӣ» (ҳикоя, мақола, очерк) баргузор мегардад.

Дар озмун шахсони синну сол ва касбу кори гуногун иштирок карда метавонанд.

Хоҳишмандон метавонанд маводи назмию насриашонро то 10 ноябри соли 2024 ба Кумитаи тадорукот пешниҳод намоянд.

Ҷамъбаст ва маросими мукофотсупорӣ моҳи декабр баргузор мегардад.

Иштирокчиён маводи озмунро дар ҳаҷми 5 саҳифаи чопӣ, бо ҳуруфи (Times new Roman tj) бо андозаи 14 тавассути почтаи электронии (ittiloot@comvom.tj) ирсол карда метавонанд.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Октябрь 6, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид