Тарофаи мобилӣ то кадом андоза зуд-зуд ва барои чӣ бояд иваз карда шавад?

Октябрь 29, 2024 11:48

ДУШАНБЕ, 29.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Маънии пешрафти техника дар кӯшиш барои дарёфти имконияти бароҳат ифода меёбад. Чангкашак назар ба ҷорӯб мувофиқтар аст. Роботи чангкашак нисбат ба чангкашаки маъмулӣ афзалияти зиёдтар дорад. Бо интихоби технологияҳои нав мо сатҳи зиндагии худро беҳтар мекунем. Ва баръакс: дар муҳосираи одатҳо мо худро аз бисёр имконият маҳрум месозем. Чунончи, ҳар қадар кӯшиш ҳам кунем, вале телевизори сиёҳу сафед барномаҳои ранга нишон намедиҳад. Бо дастгоҳҳои мобилӣ ва тарофаҳо низ ҳамин гуна аст.

Таҳаввулоти соҳаи алоқаи мобилӣ ба он оварда расонд, ки телефонҳои тугмачадор дигар ба талаботи муштариён ҷавобгӯ нестанд. Сабабаш он аст, ки зангҳо солҳои зиёд ба дигар хизматрасонии телекоммуникатсионӣ, яъне таҳвили маълумот роҳ додаанд. Як озмоиш гузаронида, бубинед, ки шумо бештар кадом амалро иҷро мекунед: тариқи шабакаи мобилӣ занг мезанед ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо муошират менамоед. Варианти дуюм, ки интернет талаб мекунад, яқин ғолиб мебарояд. Инчунин видеои онлайн, мусиқӣ, почтаи электронӣ, харитаҳои онлайн ва замимаҳои муфид дастрас ҳастанд.

Тааҷҷубовар нест, ки муштариён ба трафики бештари интернет ниёз доранд. Аҷиб он аст, ки худро аз бисёр имконияти нав маҳрум кунед, ба таври дигар гӯем, якравона тамошои телевизори пешинаи сиёҳ-сафедро идома диҳед! Мувофиқан, таркиби тарофаҳо низ тағйир меёбад. Ҳоло бастаҳои хизматрасониҳо бе интернет умуман маъмул нестанд. Баъзе тарофаҳои хазинавии истифоданашаванда ҳамин гуна буданд. Пешниҳодҳои нави операторон, пеш аз ҳама, барои эҳтиёҷоти афзояндаи муштариёни рақамӣ, ки намехоҳанд аз трафики ками интернет нигарон бошанд, таҳия гардидаанд.

Сабаби дуюми мунтазам бозбинӣ кардани тарофа дар пайдоиши имконияти муфидтар зоҳир мегардад. Масалан, ширкати «МегаФон Тоҷикистон» тарофаи «Биё! Бисоз Life» ҷорӣ намуд, ки ба ташкили мустақилонаи бастаҳои хизматрасонии алоқа имконият медиҳад. Интихоби дақиқи миқдори дақиқаҳо ва гигабайтҳои интернет ба шумо имкон медиҳад, ки барои ҳаҷми зиёдатӣ маблағ насупоред ва аслан нархро худатон муайян кунед. Тарофаҳои пештара, ки баъзе муштариён аз рӯи одат ба он содиқанд, чунин интихоби васеъро фароҳам намеоранд.

Операторон инчунин мунтазам иқдом мегузаронанд, то ки муштариён тавонанд пешниҳодҳои навро бисанҷанд ва фаҳманд, ки тарофаи нав барои онҳо то кадом андоза мувофиқ ва муфид аст. Масалан, ҳоло бо пайваст кардани ҳамон тарофаи «Биё! Бисоз Life» бо пардохти абонентии 100 сомонӣ ва зиёдтар метавонед давоми шаш моҳ ду баробар зиёд трафики интернет ба даст оред.

Ҳамин тавр, шавқу рағбати муштариён тағйир меёбад, талабот ба Интернет меафзояд. Аз ин рӯ, баъзан тарофаро иваз кардан зарур аст, то ки аз имконияти бароҳат бархурдор шавед. Аммо то кадом андоза зуд-зуд иваз кардан лозим аст?

Ба гуфтаи коршиносон, пешниҳодҳои нави бозори алоқа бояд на камтар аз як маротиба давоми сол ё беҳтараш як маротиба дар шаш моҳ озмуда шаванд. Бо ин роҳ ҳам аз иқдоми муфид бархурдор мешавед ва ҳам сари вақт тарофаатонро нав карда, хизматрасониҳои алоқаро дар шаклу ҳаҷми ба шумо муносиб дастрас менамоед.

АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон

 

Октябрь 29, 2024 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад