Тоҷикистон ва Русия барои афзудани шумораи гардишгарон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд

Октябрь 11, 2024 13:28

ДУШАНБЕ, 11.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои густариши муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи сайёҳӣ, робитаи ҳамкорӣ байни ширкатҳои сайёҳии ду давлат ва омӯзиши таҷрибаи Федератсияи Русия, аз ҷумла, вилояти Свердловск 9 октябр дар вохӯрии намояндагони ҳарду ҷониб баррасӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷониби Тоҷикистон вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат иброз дошт, ки дар партави дастгириҳои доимии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати дарҳои кушоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло дар ҷумҳурӣ тамоми имконият барои рушди сайёҳӣ фароҳам гардидааст.

Шароити мусоиди ҳуқуқӣ, содагардонии дастрасии раводид, ба роҳ мондани низоми бе раводид, додани имтиёз ба соҳибкорони ватанию хориҷӣ, паст намудани мизони андозбандӣ дар соҳаҳои бо сайёҳӣ омехта ва тавсеаи ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ аз ҳамин ҷумла аст.

Сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон меоянд, дар шароити амну осуда саёҳат намуда, бо таассуроти хотирмон ба ватанашон бармегарданд.

Ҳамзамон масоили истифодаи самараноки беҳтарин таҷрибаҳои Федератсияи Русия оид ба пешбурди соҳаи сайёҳии мамлакат дар самти хизматрасонӣ, ба роҳ мондани хатсайрҳои сайёҳӣ ва мубодилаи сайёҳон байни ду давлат баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо зарфияти сайёҳии ҳарду давлатро ба инобат гирифта, барои боз ҳам зиёд намудани шумораи гардишгарон аз ҳарду ҷониб бо ширкатҳои сайёҳӣ ва мақомоти дахлдор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 11, 2024 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид