TRAVEL HUB «ИТТИҲОД-2024». Дар Душанбе форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 18.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19-20 октябр дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии TRAVEL HUB «Иттиҳод-2024» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Форум имсол маротибаи чаҳорум аст, ки баргузор гардида, бори аввал аст, ки дар қолаби берунӣ (яъне дар шаҳри Душанбе) доир мешавад.
TRAVEL HUB «Иттиҳод — 2024» байни иштирокчиёни соҳаи сайёҳии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба платформаи калидии ҳамкорӣ табдил ёфтааст.
Мақсади баргузории форум афзоиши гардиши сайёҳон дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил, рушди робитаҳои нав байни иштирокчиёни бозори сайёҳӣ, баланд бардоштани эътироф ва ҷолибияти давлатҳои аъзо, рушди ҳамкории мутақобил ва табодули таҷриба байни мамлакатҳо дар соҳаи сайёҳии тиббӣ, экологӣ ва таърихию фарҳангӣ арзёбӣ мегардад.
Дар рӯзи якуми форум дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency» баргузории ҷаласаи пленарӣ, дарсҳои маҳорат барои меҳмонхонаҳо, ҷаласаи стратегӣ, вохӯриҳо байни ширкатҳои сайёҳии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба нақша гирифта шудааст.
20 октябр ҳайати иштирокдорони форум дар ҷашни миллии Меҳргон, ки дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» баргузор мегардад, иштирок менамояд.
TRAVEL HUB «Иттиҳод» ҳамчун платформаи муттаҳидсозии намояндагони соҳаи сайёҳии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2019 дар иҷлосияи 23-юми Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, ки дар Қасри Таврид — қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, таъсис дода шуд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ






