Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар машварат оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим сухан гуфт
ДУШАНБЕ, 18.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экологӣ дар қасри Таврическийи шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия машварат оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим баргузор гардид, ки дар кори он Раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ ба тариқи фосилавӣ иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон.
Ҳадафи асосии машварат таҳлили мушкилоти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.
Дар ҳамоиш намояндагони парлумонҳои миллӣ, ҳукуматҳои минтақавӣ ва маҳаллӣ, вазоратҳои дахлдор, кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин коршиносони даъватшуда аз кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ вобаста ба мушкилоти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим сухан намуданд.
Дар ҷаласа проблемаҳои тағйирёбии иқлим дар фазои Иттиҳод, мушкилоти таъминоти илмию технологии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иклим, муайян намудани таҷрибаҳои беҳтарини мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва имкони густариши онҳо, проблемаҳои таъсири тағйирёбии иқлим ба саломатии аҳолӣ, ҳамкории байналхалқӣ, проблемаҳои танзими ҳуқуқии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, масъалаҳои нигаҳдории экосистемаи кӯҳӣ ва муҳити зисти аҳолии маҳаллӣ бо назардошти тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа тавсияҳо ба унвони Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳия карда мешаванд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






