«ЗАБОН-ОИНАИ ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ». Дар Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид

Октябрь 5, 2024 15:41

ДУШАНБЕ, 05.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Пажуҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Забон-оинаи фарҳанги миллат» ҳамоиш доир гардид. Дар ин  хусус ба АМИТ «Ховар» дар  Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот хабар доданд.

Иброз гардид, ки забони тоҷикӣ аз ҷумлаи арзишҳои фарҳангии ниёгонамон ба ҳисоб меравад. Зеро Рӯдакиву Ҷомӣ, Румиву Саъдӣ, Айниву Турсунзода ва садҳо ҳазор нобиғагони дигари таърих ба ин шеваи зебо сухан гуфтаву шеърҳо эҷод намуда, асарҳои оламшумулашонро таълиф намудаанд.

Забон- ин таъминкунандаи ҳастии давлат, ифодакунандаи рамзи миллат ва воситаи муҳимтарини алоқа байни одамон ба шумор меравад. Таърих гувоҳ аст, ки забони тоҷикӣ то ба ин давра чандин тазод ва пайраҳаҳоро тай намуда, бо ибтикори фарзонафарзандони миллат ба мо поку беолоиш расидааст.

Таъкид карда шуд, ки офарандаи забони миллӣ худи миллат буда, дар баробари ташаккул ёфтани он пайдо мешавад ва баъдтар ҳамчун ҳадди ниҳоии тафаккури миллӣ хизмат мекунад.

АКС: Пажуҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 5, 2024 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд