ЗАБОН- ВАСИЛАИ МУҲИМИ ШИНОХТИ МИЛЛАТ. Андешаҳо бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ
ДУШАНБЕ, 05.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз таърихи башарӣ бармеояд, ки арзишмандтарин муқаддасот барои миллат дар радифи истиқлолу озодӣ забон ба ҳисоб меравад. Бо назардошти аҳамияти хоссаи забон Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забонро сарчашмаи ҳастии миллат номидаанд.
Воқеан, дар ҳама давру замон ягона нишонаи инъикосгари миллату халқият забон мебошад. Вақте ба таърихи миллатҳо назар меафканем, маълум мегардад, ки маҳз забон дар равандҳои тақдирсозу мураккаб кафолати мавҷудияти миллатро дар навбати аввал таъмин намудааст. Дар робита ба ин бояд гуфт, ки забони тоҷикӣ ҳамчун куҳантарин забон дар минтақа дар тамоми марҳилаҳои сарнавиштсози таърихӣ барои миллати мо нақши сипарро иҷро намудааст. Ин забони тамаддунофар тавассути чеҳраҳои мондагори миллат, ки бо хираду ҷаҳонбинии хеш ба фарҳанги башарӣ саҳм гузоштаанд, то имрӯз моро ҳамчун миллати фарҳангофару тамаддунсолор муаррифӣ менамояд.
Дар ин радиф забон яке аз воситаҳои муҳимтарини инъикоси таърихи пуршебу фарози миллат маҳсуб шуда, чун оина роҳи сипарикардаи ниёгони моро инъикос менамояд. Таҷрибаи давлатдории ниёгони тоҷикон нишон медиҳад, ки аксар сарварони сиёсӣ талош менамуданд, ки барои таҳкими аркони давлатдорӣ ва ваҳдату ягонагӣ аз унсурҳои забонӣ истифода намоянд. Чун ба таърихи ташаккул ва рушди забони тоҷикӣ назар меафканем, маълум мегардад, ки ниёгони мо ҷиҳати рушду равнақ ва мақоми устувор касб намудани забони модарӣ чӣ талошҳое накардаанд. Нахустин маротиба аҷдоди тоҷикон дар аҳди шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён таҳти роҳбарии Куруши Кабир (550–529 т.м.) ва пасон дар замони ҳукумати Кушониён таҳти роҳбарии Канишкаи Кабир забони қадимии тоҷикиро ба сифати забони расмӣ-коргузорӣ қабул намуданд. Бояд гуфт, ки унсури марказии тамаддуни аҷдодии моро дар замони сулолаҳои ҳукмрони Варорӯд, Хуросон ва Эрон забон ташкил медод, ки он решаи забони имрӯзаи тоҷикӣ маҳсуб мешуд. Аз замони ҳукумати Ҳахоманишиҳо сангнавиштаҳое то имрӯз боқӣ мондаанд, ки инъикосгари арҷгузорӣ ба забони модарии худ буд. Ба ин мисол шуда метавонад катибаҳои «Бесутун», «Куруши Кабир» ва «Эъломияи ҳуқуқи инсони Куруши Кабир», ки ба забони қадимии тоҷикӣ ҳаккокӣ шудаанд.
Бо ташаббуси сиёсати фарҳангпарваронаи сулолаҳои ориёитабор минбаъд забони тоҷикӣ мавқеи назаррасро соҳиб гардид. Дар аҳди ҳукумати Ашкониён ва Сосониён аз шарқи Чин то Осиёи Хурд ва аз Қафқоз то соҳили Уқёнуси Ҳинд ин забон чун забони расмӣ ва илму фарҳанг эътироф шуда буд. Он дар муносибатҳои тиҷоратӣ дар заминаи шоҳроҳи Бузурги Абрешим ва дар муносибатҳои дипломатӣ нақши аввалиндараҷаро касб карда буд, ки аз шаҳомати сиёсати фарҳангпарваронаи шоҳаншоҳони Сосониён хабар медод. Ёдгориҳои нодири хаттӣ, аз ҷумла «Дарахти асурик», «Ёдгории Заррирон», «Худойнома» ва амсоли инҳо аз ҷойгоҳи устувори забони тоҷикӣ хабар медиҳанд.
Баъди инқирози ҳукумати сулолаҳои маҳаллӣ ва забт кардани минтақа аз ҷониби арабҳо муддате забони арабӣ маъмул буд, вале заминаи устувори забони тоҷикӣ, ки забони илму адаб ва тиҷорат буд, боис гардид, ки аз нав эҳё шавад. Тибқи маълумоти муаррихи асримиёнагӣ Абубакри Наршахӣ, амирони арабтабори Хуросон маҷбур шуданд, ки баъзе сураҳои китоби муқаддаси дини Ислом «Қуръон»-ро дар солҳои 740-742 ба забони тоҷикӣ тарҷума намоянд. Ҳарчанд муддате забони арабӣ дар доираҳои илмӣ ва адабӣ маъмул буд, вале дар аҳди сулолаи Саффориён, махсусан замони ҳукмронии Яъқуб ибни Лайс забони тоҷикӣ аз нав эҳё шуда, ба сифати забони расмӣ-коргузорӣ қабул гардид. Шоҳи арҷгузор ба арзишҳои миллӣ – Яъқуби ибни Лайс чунин гуфта буд: «Чизе, ки ман андар наёбам, чаро бояд гуфтан?».
Қудрату тавоноӣ ва рақобатпазирии забони тоҷикиро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр бо тафсил иброз намудаанд: «Вақте ки забони арабӣ ҳампойи футуҳот ва густариши ислом дар як қисми бузурги ҷаҳон фотеҳона қадам зада, забони бисёр давлатҳои муқтадири дунёи қадим, ба монанди забони маҳаллии Испания, лаҳҷаҳои романии Ситсилия, забонҳои барбарии соҳилҳои Африқои Шимолӣ, забони қибтии Миср, забон ва гӯйишҳои оромии Сурия, Фаластин, Ироқ ва ғайраро аз феҳристи забонҳои ҷаҳон нобуд мекард, муҳим он аст, ки забонҳои дар ҳоли ташаккул ва ҳатто бе хати эронии мардуми Хуросону Мовароуннаҳрро фурӯ бурда натавонист. Ба иборати дигар, дар байни миллатҳои зиёди мутеи араб мо ягона мардуме будем, ки забони худро ҳифз карда, аз истиқлоли адабӣ маҳрум намондаем».
Дар муқобили фарҳангу забони арабӣ аксар забонҳои қисми шимолии Африқо ва Шарқи Наздик аз байн рафтанд. Айни замон бо сабаби аз даст додани рукни муҳимми миллат, яъне забони модарӣ ин халқҳо дар Миср, Либия, Ироқ, Марокаш ва Сурия араб номида мешаванд. Маҳз забони тоҷикӣ дар муқобили чунин раванди бисёр таъсирпазир ҳастии худро аз даст надод, ки ин аз амалӣ гардидани рисолати бузурги соҳибони он хабар медиҳад.
Яке аз марҳалаҳои «тиллои»-и рушди забони тоҷикӣ ва устувор гардидани ҷойгоҳи он ба аҳди ҳукмронии нахустин давлати миллии тоҷикон- Сомониён рост меояд. Амирони сомонӣ дар радифи арҷ гузоштан ба аркони исломӣ ҳамчунин ба унсурҳои фарҳанги миллӣ ва эҳёи онҳо диққат медоданд. Ҳамин буд, ки бузургтарин пешвоёни забон ва адабиёти тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ ва барҷастатарин олимони асрҳои миёна, чун Абурайҳони Берунӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав ва пайравону шогирдони онҳо маъруфтарин осори илмии он давраро ба забони модарии хеш навиштаанд.
Пас аз инқирози ҳукумати Сомониён дар манотиқи Мовароуннаҳру Хуросон ҳарчанд сулолаҳои тоҷиктабор аз истиқлоли сиёсӣ муддате маҳрум гардиданд, вале истиқлоли фарҳангии онҳо пойбарҷо буд. Фаъолияти барҷастаи олимон ва шуарои тоҷик дар асрҳои минбаъда боис шуд, ки забони тоҷикӣ чун забони расмӣ ва илму адаб аз ҷониби сулолаҳои турктабор қабул гардад. Дар рӯ ба рӯи шаҳомати забони тоҷикӣ ва мавқеи устувори он, ки забони фарҳангу тамаддуни минтақа ба ҳисоб мерафт, халқҳои саҳронишини воридшуда ба минтақа ғарқ шуда, маҷбур буданд, ки ин забонро ба сифати забони расмӣ эътироф намоянд. Дар аҳди Ғазнавиён, Салчуқиён, Хоразмшоҳиён, Темуриён, Шайбониён, Аштархониён, Манғетиҳо, ки дар сарзамини тоҷикон ҳукумат доштанд, забони тоҷикӣ дар натиҷаи талоши абармардони илму ирфон, ба монанди Абулфазли Байҳақӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш ва даҳҳо тан дигар мутафаккирон ба сифати забони давлатӣ қабул шуд.
Бояд гуфт, ки дар ибтидои асри ХХ баъди 1000 соли ба сифати забони давлатӣ амал кардани забони тоҷикӣ аз боиси таъсири идеологияҳои зиддитоҷикӣ, махсусан пантуркизм муддате забони тоҷикӣ мақоми худро аз даст дод. Дар замони то соҳибистиқлолӣ низ мавқеи забони тоҷикӣ то ҷое коста гардид, вале талошу эҷодиёти зиёиёни арҷгузор ба фарҳангу забони миллат боис шуд, ки соли 1989 забони тоҷикӣ ба сифати забони расмӣ қабул гардад.
Истиқлоли давлатӣ ба миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик имкон дод, ки дар заминаи соҳибихтиёрии миллӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ арҷ гузорад. Имрӯз дар заминаи сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарварони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ чун яке аз аркони муҳимми давлатдорӣ дар роҳи рушду такомул қарор дорад. Пешвои миллат забонро чун кафили ҳастии миллат дониста, дар самти устувор намудани мақоми ин арзиши олии миллат якчанд ташаббусҳои саривақтӣ ва муҳимро дар амал татбиқ намуданд. Сарвари давлат дар сатҳи байналмилалӣ бо ташаббусу пешниҳодҳои хеш забони моро муаррифӣ намуда, онро ба забони сулҳу субот ва ба ҳам овардани мардумони ҷаҳон мубаддал гардонида истодаанд.
Дар айни замон миллати куҳанбунёди тоҷикро зарур аст, ки дар пайравӣ аз ниёгони хеш ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат ба ин арзиши миллӣ арҷ гузошта, онро ҳифз намояд. Ҳифзи забон кафолати мондагории миллат аст. Зарур аст, ки забони тоҷикиро чун воситаи аз худ намудани забонҳои хориҷӣ истифода намуд. Дар ҳоле, ки мо забони хешро ба сатҳи зарурӣ намедонем, ҳеҷ гоҳ дар роҳи омӯзиши забони дигар муваффақ намешавем. Зиёиёни ҷомеаро низ зарур аст, ки тавассути осори хеш ва таълифи он бо забони ноби тоҷикӣ дар устувор гардидани забони миллат саҳмгузор бошад. Дар сатҳи оилаҳо низ зарур аст, ки бо забони ноби тоҷикӣ муколама кард. Мутаассифона, имрӯзҳо мо мушоҳида менамоем, ки баъзан дар дохили оилаҳо ба ин арзиши миллӣ арҷ гузошта намешавад ва бо забони дигаре муколама менамоянд, ки чунин ҳолат пайомади манфӣ дорад. Зарур аст, ки дар дохили оила бо насли наврас ба забони ноби модарӣ ҳарф заду муҳиммияти арҷ гузоштан ба ин унсури меҳварии миллатро шарҳу тавзеҳ дод.
Фарзанди тоҷик аз оила ба ҷомеа бояд бо забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ ворид шавад. Дар раванди бунёди давлатдории миллӣ яке аз шартҳои асосӣ ва меҳварӣ ҳифзу гиромидошти забони миллӣ маҳсуб мешавад.
Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА,
Президенти Академияи миллии
илмҳои Тоҷикистон
АКС:АМИТ «Ховар»