Забони тоҷикӣ аз ҷиҳати сермаъноии калимаҳо байни забонҳои дунё мақоми аввалро соҳиб аст. Бардошт аз ҳамоиши «Забон ва Истиқлол»
ДУШАНБЕ, 04.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 15-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» таҳти унвони «Забон ва Истиқлол» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни ифтитоҳи ҳамоиш Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода изҳор дошт, ки бо ин забон ҳазорон олимону донишмандон ва мутафаккирони миллатамон тарбият ёфта, дар поянда нигоҳ доштани он низ нақши таърихӣ гузоштаанд. Албатта, ин забоне аст, ки андешаҳои башардӯстонаи рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори некро таблиғ намуда, бо он садҳо асари панду ахлоқии сатҳи ҷаҳонӣ офарида шудаанд, ки аз онҳо тавассути тарҷума ҷаҳониён баҳраманд мегарданд.
Раиси Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода ҳозиринро бо Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон шодбош гуфт. Ӯ иброз намуд, ки забони давлатӣ яке аз муҳимтарин аркони давлати миллӣ маҳсуб шуда, дар баробари Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ба муқаддасоти миллӣ дохил шудааст. Дар моддаи дуюми Конститутсияи ҷумҳурӣ омадааст, ки “забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст, ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон истифода кунанд”.
Доктори илмҳои фалсафа, профессор Муҳиба Маҳммадҷонова дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки таҷлили Рӯзи забон аз муҳимтарин чорабиниҳое мебошад, ки мардуми тоҷик онро бо шавқу муҳаббати зиёд пазироӣ мекунанд. «Имрӯз ҳам забони тоҷикӣ аз ҷиҳати ғановат ва сермаъноии калимаҳо байни забонҳои хурду бузурги дунё мақоми аввалро доро мебошад, ки далели он луғатномаи Деҳхудо (18 ҷилд) ва 6 ҷилд Луғати тафсирии ӯ мебошад. Сарчашмаҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки бо забони тоҷикӣ мардумони беш аз 29 давлати ҷаҳон гуфтугӯ мекунанд, забони тоҷикӣ аз ҷиҳати калимасозӣ ва ибораороӣ дар сархати забонҳои дунё аст ва имкон дорад дар ин радиф беш аз 225 миллион калима ва вожа бисозад. Ин ҳама далели тавонмандӣ, шаҳомат ва бузургиву нодирии забони ноби тоҷикӣ мебошад», — таъкид намуд Муҳиба Маҳмадҷонзода.
Ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён иброз дошт, ки забони тоҷикӣ таърихи чандҳазорсола дошта, дар атрофи забонҳои дигар озмоишҳои зиёдеро аз сар гузаронидааст. «Забони тоҷикӣ забони баландҳиммате аст, ки Саъдию Ҳофизи бузург, Синою Хайём, Бедилу Низомӣ бо он ҳарф мегуфтанд. Ин забоне аст, ки Айниву Лоҳутӣ, Миршакару Турсунзода, Бозору Лоиқ номдораш гардонидаанд ва мо имрӯз аз ҳастии бузургаш меболем», -гуфт ӯ.
Шоир ва забоншиноси маъруф Рустами Ваҳҳоб иброз намуд, ки “забони тоҷикӣ на танҳо унсур ва рукни муҳимтарин ва ҳувияти миллии мо, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ ва дар радифи сармояҳоии маънавии башар падидаи камназир ва мумтоз аст. Бинобар ин масъулияти мо дар ҳифзу густариши забон на танҳо масъулияти миллӣ, балки масъулияти умумибашарӣ аст».
Дар идома олимону забоншиносони мамлакат доир ба рушд ва ҷанбаҳои забони тоҷикӣ маъруза намуданд.
Ҳамзамон ба як зумра забоншиносон ва онҳое, ки дар рушду густариши забони давлатӣ саҳми арзанда гузоштаанд, Сипосномаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»











Расонидани ёрии аввалин ба бемор метавонад ҷони ӯро аз марг наҷот диҳад
Бо риояи қоидаҳои одӣ худро аз таъсири гармӣ муҳофизат намоед
БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ. Он барои такмили фаъолияти китобхонаҳо ва беҳтар шудани хизматрасонии китобдорӣ замина фароҳам меорад
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026–2030» қабул гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ТАЪСИСИ БОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛӢ. Амнияти ҳаракат дар роҳ самти асосии фаъолияти ин мақомот мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барги гелос барои бемориҳои сулфа, диққи нафас ва ҷароҳати гӯш фоидаовар аст
СУЛҲ НЕЪМАТЕСТ, КИ ТАМОМИ МИЛЛАТҲОВУ ДАВЛАТҲО БА ОН НИЁЗ ДОРАНД. Мулоҳизаҳои академик Қобилҷон Хушвахтзода дар ин мавзуъ
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Китобхонаҳо ва марказҳои омӯзишӣ барои рушди зеҳнии хонандагон чӣ имконият фароҳам меоранд?
ҒИЗОИ СОЛИМ. Омили афзоиши бемории диабети қанд истеъмоли ғизои аз ҳад зиёд ва номутаносиб мебошад
ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Ин ташаббуси бузурги глобалӣ барои сайёраи бехатар мебошад
Адрасбоф Гулбону Наврӯзова: «Ҳадафи мо эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон аст»






