16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон

Ноябрь 16, 2024 11:59

ДУШАНБЕ, 16.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ниҳоди нави конститутсионӣ ва сиёсию ҳуқуқие мебошад, ки дар он Президент Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия дониста мешавад. Доктори илми ҳуқуқ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Сиёвуш Наботзода роҷеъ ба таърихи пайдоиш ва ҷараёни ташаккули ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намудааст. Дар зер  матни пурраи мақолаи мазкур, ки ба АМИТ “Ховар” ворид гардидааст,  манзур мегардад.

— Мафҳуми конститутсионии ниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун падидаи конститутсионӣ-ҳуқуқӣ мебошад, ки  Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия дониста мешавад. Тавре аз мафҳум ва моҳияти худи калимаи лотинии «presidents (praesiden- tis) бармеояд — яъне Сардори давлат дар бисёре аз мамлакатҳои шакли идоракунии ҷумҳуридошта, мебошад. Биноан, мафҳуми «президент», ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои конститутсионӣ-ҳуқуқии ӯ Сардори давлат ва ҳокимияти иҷроия истифода шудааст, ки ба шакли пайдоиши классикии ин ниҳод дар низоми таҷзияи ҳокимияти давлатӣ мувофиқ меояд.

Ниҳоди президентӣ 32 сол боз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, дар марҳилаи ташаккул ва авҷи мукаммалшавӣ аст. Таҷрибаи 32- солаи таъсиси ин ниҳод, албатта чандон тӯлонӣ нест, вале, новобаста аз ин баъзе таҷрибаи ташаккули ин ниҳоди давлатдорӣ мавзӯи доираҳои таҳқиқ ва омӯзиш қарор гирифтааст.

Муҳаққиқон бо бардошт аз таҳлили таҷрибаи пайдоиш ва зарурати таъсиси ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон чанд омилҳоро асос мешуморанд. Масалан, ташкили қолаби нави идора  бо роҳбарии Президент дар Тоҷикистон бо чанд омили айнӣ ва зеҳнӣ  муайян мегашт. Пеш аз ҳама, зарурати пурзӯр намудани ҳокимияти иҷроия, баланд бардоштани самаранокии он, қабули оҷилии қарорҳои идорӣ, такмили механизми иҷрои қонунҳо, таҳкими низомӣ давлатӣ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ аз ҷумлаи онҳо мебошад .

Дар адабиётҳо таъкид шудааст, ки назари сатҳӣ ба таърихи навини давлатдорӣ ва ҳатто ба тамаддунҳои собиқ шаҳодати он аст, ки нақш ва нуфузи мансаби президентӣ дар ҳастии халқу миллатҳои замони муосир аҳамияти бориз доштааст. Вале дар замони муосир, ки таҷрибаи ҳастӣ ва рушди давлатҳо зиёда ба ҷанбаи соҳибихтиёрии халқ ва эътирофи ҳокимияти мардумӣ такя мекунад, нақши Президент ба маротиб афзудааст .

Ҳамин тариқ, дар низоми идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент нақши ҳалкунанда дорад. Дар таҷрибаи давлатдории ҷаҳонӣ ниҳоди президентӣ ҳамчун яке аз намудҳои сардорӣ ба давлат маъмул буда, таърихи зиёда аз дусадсола дорад ва маҳз ҳамин таҷрибаи бою ғанӣ ба он саба шуд, ки дар аксари кишварҳо ин ниҳод таъсиси расмӣ ёбад.

Президент дар давлатҳои шакли идораи ҷумҳурии президентӣ Сарвари давлат буда, аз тарафи халқ дар интихоботи умумӣ интихоб карда мешвад, масалан: дар ИМА, Фаронса, Русия, Покистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва ғайра. Аслан дар давлатҳои шаклиидораи ҷумҳурии парлумонӣ мансаби Президент бештар хислати рамзӣ дошта, дар парлумон интихоб мегардад, масалан: дар Австрия, Олмон, Ҳиндустон ва дигар давлатҳо.

Имрӯз ниҳоди президентӣ унсури ҷудонашавандаи таҷрибаи сиёсии  ҷаҳонӣ оид ба давлатдорӣ аст. Ниҳоди президентӣ яке аз унсурҳои асосии ҳокимияти давлатӣ дар мамлакатҳои шакли идоракуниашон ҷумҳуриявӣ ба шумор меравад. Зарурияти мавҷудияти ниҳоди мазкур аз зарурияти татбиқи функсияи сарвари давлат бар меояд, ки паҳн гардидани ниҳоди президентӣ дар ҷаҳон шаҳодати он аст.

Таҳлили адабиётҳои илмӣ-оммавӣ ва майдони матбуот нишон медиҳад, ки аксар олимон ва донишмандон айни ҳол ин ду санаро, яъне 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистонро ба ҳам омехта менамоянд, ки дар қолабҳои илмӣ ва эҷодӣ чандон қобили қабул нест. Масалан, дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ниҳоди президентӣ муваққатан аз Конститутсия хориҷ гардида буд. Аз  ин рӯ, ҳангоми таҳияи  лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои гуногун оид ба ин ниҳод пайдо шуд. Мухолифони ниҳоди президентӣ дар он ақида буданд, ки дар Тоҷикистон бештар ҷумҳурии парламентӣ мувофиқ аст. Ин андеша ба даврони то солҳои 90-ум, ки идораи коллективона рӯи кор буд, такя мекард. Баъдан пас аз қабули Конститутсияи соли 1994 ниҳоди мазкур аз нав барқарор карда шуд ва ба тариқи раъйпурсӣ дар ин ниҳод аввалин президенти замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардиданд.

Мавриди таъкид аст, ки ташаккули падидаи конститутсионӣ-ҳуқуқии «президент» яку якбора дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамвора ва якзайл ба вуқуъ напайваста, асосҳои ғоявии худро аз таҷрибаи инкишофи ҷаҳонии ин падида гирифтааст. Ба тамоили бавуҷудоии падидаи конститутсионӣ-ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди инкишофи таҷзияи ҳокимият дар аввали солҳои 90-ум зимина гузошт.

Бо мақсади пешгирии паст задани шаъну шарафи Президент ва баланд бардоштани эътибори он чун сарвари ҷумҳурӣ Қонун «Дар бораи ҳимояи шаъну шарафи ӯ» аз 29 июни соли 1991  қабул карда,  барои таҳқири Президент ҷазои ҷиноятӣ ҳам муқаррар карда шуд.

Рафти қонуниятҳои инкишофи вазъи сиёсию иҷтимоии ҷумҳурӣ дар охири соли 1993 ва аввали солҳои 1994 нишон дод, ки он рӯз ба рӯз рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, зарурияти аз нав дар таҷрибаи давлатдорӣ татбиқ намудани падидаи конститутсионӣ-ҳуқуқии «президент»-ро рӯи кор овард. 20 июни  соли 1994 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки ҳанӯз ҳамон сол ин муҳокимаи лоиҳаи нави Конститутсияи ҷумҳурӣ мерафт, ки дар он шакли идоракунии президентӣ маъқул дониста шуда буд. Ин Қонун муқаррар кард, ки мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад. Дар як вақт бо референдум оид ба қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи умумихалқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузаронида шавад. Дар асоси он Комиссияи марказии интихобот ташкил дода шуд. Худи ҳамон сол 21 июли соли 1994 Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»  қабул гардид, ки он шартҳо, тарзи ташкил, гузаронидани интихобот, ҷамъбасти он ва дигар масъалаҳои ба он алоқамандро танзим менамуд. Қонун ҳамзамон 25 сентябри 1994-ро рӯзи баргузории раъйпурсӣ барои қабул намудани Конститутсия ва интихоботи Президент муқаррар намуд. Вале бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 1994 рӯзи баргузорӣ ба 6 ноябри ҳамин сол 1994  гузаронида шуд, Раъйпурсӣ барои қабули Конститутсия ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рӯз баргузор гардид ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид. Дар Конститутсияи соли 1994 ба ин падидаи конститутсионӣ-ҳуқуқӣ боби махсус: боби чаҳорум, ки «Президент» (м.м. 64-72) ном дорад, бахшида шудааст.  Аз ин ба баъд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) ҳисоб карда  шуда, вай ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон муқаррар гардид .

Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 ҳомии Конститутсия будани Президенти мамлакатро бо вазъи конститутсионӣ-ҳуқуқии Сарвари давлат  алоқаманд намудааст, ки моҳияти онро бо чунин омилҳо ошкор кардан мумкин аст:

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарварӣ мансабдори олии ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки ӯро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 7 сол бо тартиби муқарраршуда интихоб менамоянд.

Президент Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия буда, вазъи конститутсионии  ҳуқуқии ӯро Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Тоҷикистон танзим менамоянд. Тибқи қисми аввали моддаи 64 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ду сифати айнии вазъи ҳуқуқиаш ҳамчун Сарвари давлат ва ҳамчун сарвари ҳокимияти иҷроияи давлатӣ дар низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ мавқеи хоса дорад.

Президент баёнгари ягонагии давлат буда, ҷумҳуриро дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад. Ҳуқуқи аз номи тамоми халқи Тоҷикистон сухан гуфтанро дорад. Ҳамчун сарвари ҳокимияти иҷроия Президент — Раиси Ҳукумати Тоҷикистон, роҳбар ва масъули дуруст ба роҳ мондани масъалаҳои идораи давлат дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иҷрои қонунҳо, мебошад.

Вазъи ҳуқуқии Президентро салоҳиятҳояш, ки дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои ҷорӣ, қонунгузорӣ дар ҳаллу фасли масъалаҳои ҳаётан муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ташкили мақомоти давлатӣ ва муайян кардани низоми он, ҷобаҷогузории кадрҳо муайян намудааст, ки нақш ва мақому манзалати мавсуфро дар мураттабсозии ташкили низоми ҳокимияти давлатӣ вусъат мебахшад. Яъне қобилияти ҳуқуқдорӣ ва амалкунии Президент ба раванди мураккаби бо ҳам алоқаманди ташкилию ҳуқуқӣ ва сиёсие алақаманд мебошад, ки он пеш аз ҳама интихоб шудан ва шурӯъ намудан ба мансаб ва маҳдудиятҳои муқарраршударо дар бар мегирад. Ин меъёр чунин маънӣ дорад, ки бе роҳи интихоби қонунӣ ҳеҷ ягон шаҳрванд ҳақ надорад мансаби Президенти мамлакатро ишғол намояд ва ё соҳиби салоҳияти Сарвари давлат гардад .

Ба мансаби Президент шаҳрванди Тоҷикистон ба тариқи муқарраргардида интихоб шуда метавонад, ки синни ӯ аз 30 кам набошад, забони давлатиро донад ва дар қаламрави ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад, ҳадди ақал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешниҳоди номзадии ӯ имзо гузошта бошанд . Як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад. Тартиби интихоби Президентро Қонуни констиутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 21.07.1994 бо тағйироту иловаҳо аз 3.09.1999 ва аз 28.12.2005 танзим менамояд .

Барои ҳомии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон будани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ бояд таҳти ҳимояи қонун ва таъминоти махсус қарор гирад. Масъалаҳои таъминот ва ҳимояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 «Дар бораи таъминот, адои хизмат ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” шахсоне, ки ба ҳаёт, саломатӣ, озодӣ ва шаъну шарафи Президент қасд мекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Мавҷудияти рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори давлат ва ҳокимияти иҷроия будани ӯро шаҳодат медиҳанд, ки намуд, вазъи ҳуқуқӣ, тасвир, маҳал ва тарбиби нигоҳдошт, инчунин тартиби истифодаи онҳоро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 июли  2006 муқаррар менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавозуни устувори «секунҷаи» рукнҳои давлатӣ — ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мебошад, ки  ба ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад, таҳким мебахшад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили риояи қарордодҳои байналмилалӣ, самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян месозад. Зеро Конститусия муқаррар намудааст, ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии  низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд.

Ҳамин тариқ, рафти қонуниятҳои инкишофи вазъи сиёсиву иҷтимои ҷумҳурӣ дар охири соли 1993 ва аввали соли 1994 нишон дод, ки он рӯз ба рӯз рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, зарурияти аз нав дар таҷрибаи давлатдорӣ барқарор намудани ниҳоди конститутсиониву ҳуқуқии президентро рӯи кор овард. 20 июли соли 1994 Қонун «Дар бораи ислоҳоти конститусионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки тибқи он бояд мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешуд. Ҳамзамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 21 июли соли 1994 қабул гардид, ки он талабот, тарзи ташкил, гузаронидани интихобот, ҷамъбасти он ва дигар масъалаҳои ба он вобастаро танзим менамуд.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 қабул гардид, боби чоруми он ба ин ниҳоди қонститусионӣ бахшида шудааст.

Ташкили қолаби нави фаъолият ва идораи давлат бо роҳбарии Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистони тозаистиқлол ва зуҳури ниҳоди президентӣ падидаи навини сиёсиву хуқуқие мебошад, ки дар тӯли таърихи мавҷудияти давлатдории тоҷикон аз замони ҳокимияти асосгузори давлати тоҷикон- Исмоили Сомонӣ то имрӯз назир надорад. Сарфи назар аз дигаргуниҳову душвориҳо ва ислоҳот дар қолаби идораи давлат дар худ ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хосиятҳои рукни ҳокимият, яъне ҳокимияти иҷроияро, ки бо он алоқаманд аст, ҳифз намуд.

Ҳамин тавр, қадами аввалин роҳи таъсис ва рушди ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон ба чор давра: ду давраи дар ҳайати иттиҳод будан ва ду давраи нисбатан мустақилият доштан ҷудо шуда, ҳар кадоми онҳо ба марҳилаҳои муайян алоқаманд дониста мешавад.

Ва ниҳоят қадами аввалин дар роҳи таъсиси ин ниҳод ду давраи нисбатан мустақил, ки дар боло ишора кардем баъди эълони сиёсати «бозсозӣ» гузошта шуд, ки ҳар кадоми онҳо низ бо марҳалаҳои муайян алоқаманд дониста мешавад ва маҳз дар ҳамин давра ниҳоди мазкурро ба авҷи рушд ва инкишоф оварда расонид.

Давраи аввал дар замони нисбатан мустақил аввали солҳои 1990-1992-ро дар бар гирифта, дар навбати худ ба ду марҳала тақсим мегардад: то истиқлолият (ноябри соли 1990-сентябри соли 1991) ва баъди истиқлолият (ноябри соли 1991-ноябри соли 1992). Давраи ахири зуҳури ниҳоди мазкур сифатан нав буда, бо қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳиистиқлол оғоз меёбад, ки ин давраи рушди ниҳоди президентиро низ шартан ба чор марҳалаи ба ҳам зич алоқаманд тақсим намуд: солҳои 1994-1999; 1999-2003; 2003-2016; 2016 то ба имрӯз. Ниҳоди президентӣ падидаи ҷадиди сиёсиву ҳуқуқие мебошад, ки дар таърихи давлатдории тоҷикон ҳамто надорад. Новобаста аз душвориҳо тамоси худро ба тамоми соҳаҳо ва шохаҳои ҳокимият, хусусан ҳокимияти иҷроия нигоҳ дошта, минбаъд низ вобаста аз ислоҳот дар қолаби идораи давлат таъсири хосиятҳои худро нигоҳ дошт.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 16, 2024 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
НЕРУИ СИЁСИИ ПУРИҚТИДОР ВА МАКТАБИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ ТАВОНО. Ба ифтихори 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
ИМРӮЗ-РӮЗИ ГЕОЛОГҲОИ ТОҶИКИСТОН. «Атласи равандҳои экзогениву геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид
ДАР ҲАМБАСТАГӢ БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ МУҚОВИМАТ НАМОЕМ! Мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дар сиёсати давлатии Тоҷикистон масъалаи асосӣ аст
Конҳои Тоҷикистон дорои зиёда аз 60 навъи ашёи хоми маъданию ғайримаъданӣ мебошанд
МЕҲРГОН-ИДИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Ин ҷашни бостонии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид