Конститутсия омили асосии кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид
ДУШАНБЕ, 06.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 30 сол муқаддам, 6 ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқуъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. Аҳамияти таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он ифода мегардад, ки ин санади сарнавиштсоз барои таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ замина гузошт ва омили асосии кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид. Чунин изҳор намудааст коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов дар мақолааш бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Тоҷикистон. Дар зер матни пурраи мақола оварда мешавад.
-Ҳадаф аз ҳамасола ҷашн гирифтани рӯзи қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, эҳтирому арҷ гузоштан ба қонуни асосиву сарнавиштсози давлат ва раъйи ҳамватанони азизамон мебошад, ки дар давраи басе душвори таърихӣ онро ҷонибдорӣ намуда, ба ин васила барои ояндаи дурахшони давлатамон заминаи боэътимоди сиёсӣ ва иҷтимоиву ҳуқуқӣ фароҳам оварданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 20 апрели соли 2006 таъкид намуда буданд, ки «дар ҷомеаи мутамаддини муосир қонун ҳамчун воситаи танзимкунандаи ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа нақш ва мавқеи бебаҳс дорад, зеро пешрафти ҷомеа фақат бо роҳи танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ имконпазир аст».
Конститутсия-заминаи таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ
Шубҳае нест, ки Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тоҷик аҳаммияти бузурги таърихӣ дорад. Маҳз дар ҳамин иҷлосия лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол тарҳрезӣ шуд, рамзҳои соҳибистиқлолии давлат, Нишон, Парчам, қабул карда шуданд, Артиши миллӣ ва қӯшунҳои сарҳадӣ таъсис ёфтанд, системаи амнияти давлатӣ ва ҳифзи сарҳадоти давлатӣ ба роҳ монда шуд ва шиносномаи миллӣ тасдиқ гардид.
Бори аввал дар таърихи давлатдории миллати тоҷик матни Конститутсия ба забони давлатӣ омода шуд. Бори аввал буд, ки ғояи ҷамъияти ҳуқуқбунёди демократӣ асоси Конститутсияро ташкил медод.
Аҳаммияти таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он ифода мегардад, ки ин санади сарнавиштсоз барои таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ замина гузошт ва омили асосии кафолати устувори ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид. Ин ҳуҷҷат аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст ва бинобар ин дар таърихи навини мамлакат рӯйдоди воқеан бузург ва тақдирсоз мебошад. Ин санади муқаддас истиқлоли давлати тоҷиконро ба расмият даровард. Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати дорои қувваи олии ҳуқуқӣ хусусияти худро дорад:
1) Он муқарраркунандаи меъёрҳои ҳуқуқи конститутсионӣ буда, барои меъёрҳои конститутсионӣ-ҳуқуқӣ хусусияти умумӣ муқаррар мешавад. Сарчашмаҳои ҳуқуқӣ ва меъёрҳои ҳама дигар сарчашмаҳо аз меъёрҳои Конститутсия бармеоянд ва дар асоси он ба танзим дароварда мешаванд. Ҷузъиёти онҳо муайян ва танзим мешавад.
2) Бартарият, вижагиҳо ва хусусияти Конститутсия дар мазмуну мундариҷаи васеи меъёрҳои он ифода мегарданд. Ин меъёрҳои ҳуқуқи конститутсионӣ ба ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳангу маънавиёт таъсир расонида, мундариҷаи онҳоро муқаррар менамояд. Конститутсия аз сабаби санади олии ҳуқуқӣ буданаш фарогири фазои ҳуқуқии давлатӣ буда, муайянкунандаи самти рушди низоми ҳуқуқии давлатӣ аст.
3) Амали мустақими меъёрҳои ҳуқуқи конститутсионӣ аз эътибори олии ҳуқуқӣ доштани меъёрҳои он бармеояд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ, ки хилофи Конститутсия мебошанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.
4) Конститутсия худ сарчашмаи дорои қувваи олии юридикӣ буда, меъёрҳои он низ муайянкунандаи сарчашмаҳои ҳуқуқӣ ба шумор мераванд. Ҳуқуқи конститутсионӣ дар самти идоракунии давлатӣ танзимкунанда ва муайянкунандаи низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, эътибори ҳуқуқӣ ва тартиби қабул, бекор кардан ва нашри онҳоро муқаррар менамояд.
5) Меъёрҳои конститутсионӣ иродаи давлату миллат буда, барои амалӣ намудани ҳадафҳои давлату ҷомеа шароит фароҳам меоранд. Ҳамин ҷиҳат аҳамияти Конститутсияро ба сифати сарчашмаи ҳуқуқ боло мебардорад.
6) Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади олии меъёрию ҳуқуқӣ ва сиёсӣ буда, дар доираи ҳадафҳо ва маромҳои стратегии давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия ва қабул гардида, бо арзишмандии ҷамъиятии худ санади дорои эътибори олӣ мебошад.
7) Хусусияти аз ҳама муҳим ва ҷолиби дигари Конститутсия дар он зоҳир гардидааст, ки он ба мафкураи ягон ҳизб ё ташкилоти диниву сиёсӣ асос наёфтааст.
Бояд тазаккур дод, ки Конститутсия барои давлат ҳамчун Қонуни асосӣ хизмат карда, аз дигар қонунҳо бо хусусиятҳои худ фарқ мекунад. Ин Қонуни асосии давлат, пеш аз ҳама, муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим медарорад, дорои қувваи баланди ҳуқуқӣ мебошад, асоси сохтори конститутсиониро муайян менамояд, меъёрҳои он бевосита амал менамоянд. Чунин хусусиятро дигар санадҳои ҳуқуқӣ надоранд.
Конститутсия ба сифати Қонуни асосии давлат якчанд вазифаҳоро низ иҷро менамояд:
Вазифаи муассисӣ. Ҳаёти ҷамъиятӣ ҳамеша дар ҳоли ташаккул ва дигаргунӣ аст. Он ҳамин таҳаввулотро ба сифати меъёрҳои ҳуқуқӣ дар худ таҷассум намуда, заминаи ҳуқуқию сиёсии зинаи дигари ҷомеаро муайян менамояд.
Вазифаи ташкилӣ. Ин вазифа дар он ифода меёбад, ки натиҷаҳои ҳаёти ҷамъиятиро дар худ дарҷ намуда, назди давлат вазифа гузошта, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро ба танзим медарорад.
Вазифаи сиёсӣ. Конститутсия таҳкурсии мустаҳками фаъолияти сиёсии хориҷии давлат ба шумор меравад.
Вазифаи мафкуравӣ. Маҳз Конститутсия ҳамчун мафкураи ҳукмрон ё муайянкунанда мафкураи сиёсиро муқаррар мекунад.
Вазифаи ҳуқуқӣ. Конститутсия барои низоми ҳуқуқӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ асос мегардад. Он бевосита муносибатҳои ҷамъиятиро танзим намуда, барои қабули дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун сарчашма хизмат менамояд.
Амали мустақим пайдо намудани меъёрҳои конститутсионӣ дар таърихи Тоҷикистон назир надошт
Дар ин санади сарнавиштсоз бори нахуст ҳокимияти давлатӣ ба шохаҳои қонунгузор, судӣ ва иҷроия таҷзия гардида, эътибори олӣ доштани меъёрҳои Конститутсия ва амали бевоситаи онҳо кафолат дода шуд, дар асоси он парлумони касбии доимамалкунанда таъсис ёфт. Фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият эълон гардид.
Қонуни асосӣ ҳамчунин доираи фаъолияти тамоми неруҳои сиёсӣ, ҳизбҳо, иттиҳодияҳо ва созмонҳои ҷамъиятиро муайян намуда, барои густариши кори онҳо заминаи қонунӣ фароҳам овард. Конститутсияи нав дар роҳи такмили сохти давлатдории Тоҷикистон иқдоми ҷиддие буд, ки ба такмили минбаъдаи давлат мусоидат намуд.
Ба меъёрҳои Конститутсия амали мустақим дода шуд. Яъне дифои ҳуқуқҳои шахс тавассути меъёрҳои конститутсионӣ. Амали мустақим пайдо намудани меъёрҳои конститутсионӣ дар таърихи ватани мо назир надошт. Ба мақомоти судӣ ва сохторҳои ҳокимияти давлатӣ зарур меояд, ки дар фаъолияти худ меъёрҳои Конститутсияро ҳамчун эътибори олии ҳуқуқӣ ба роҳбарӣ гиранд.
Дар Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми меъёрҳои демократӣ, нишонаҳои давлати ҳуқуқӣ ва арзиши олӣ доштани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои инсону шаҳрванд таҷассум ёфтаанд, ки ҳангоми омӯзиш аз ҷониби зиёда аз ҳашт давлати мутараққии ҷаҳон ин қонуни асосии давлат ба ҳайси демократитарин Конститутсия эътироф гардид.
Таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва истиқлолият дар Конститутсия вазифаи асосии давлат эълон шуда, дар айни замон ба хотири ҳимояи ин арзишҳои конститутсионӣ ва ташаккули муназзаму муътадили давлати навини тоҷикон тағйирнопазир будани шакли идораи мамлакат, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат аз ҷумлаи мақсадҳои бунёдии Конститутсия эътироф гардид.
Аслан таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол баъди анҷоми Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд. Соли 1993 дар Иҷлосияи XVII Шурои Олӣ ҳайати нави Комиссияи конститутсионӣ таъсис дода шуд, ки роҳбарии он ба зиммаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд. Ниҳоят лоиҳаи Конститутсия ба муҳокимаи умум пешниҳод гардид ва ба он аз ҷониби шаҳрвандон зиёда аз ҳаштуним ҳазор таклифу дархостҳо пешниҳод гардида, ҳамаи онҳо мавриди омӯзиш қарор дода шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Иҷлосияи XIX Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 июли соли 1994, аз ҷумла гуфта буданд: «Давоми зиёда аз ду моҳи муҳокимаи лоиҳа бештар аз 8,5 ҳазор пешниҳод аз ҷониби мардуми мамлакат ва ҳамватанони бурунмарзиамон ба Шурои Олӣ ворид шуд… Онро кулли ҳамватанони мо дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон ва берун аз он мавриди муҳокима қарор дода, такмилу пурра карданд». Баъд аз муҳокимаи умумихалқӣ Комиссияи конститутсионӣ лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба раъйпурсии ҳамагонӣ тавсия намуд. Худи ҳамин рӯз (20.07.1994) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол 6 ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд.
Конститутсияи Тоҷикистон масъулияти давлатро дар назди ҷомеа ва шаҳрванд пешбинӣ мекунад
Дар Конститутсияи ҷумҳурӣ мавқеи асосиро ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ташкил медиҳад. 34 моддаи он ва ё аз се як ҳиссаи Конститутсия ба ин мавзуъ бахшида шудаанд. Махсусан, пас аз тағйиру иловаҳое, ки 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва соли 2016 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия ворид гардиданд, он такмил ёфт ва пурратар гашт, хосса моддаи панҷуми он ҷиддан тағйир ёфт ва мувофиқи ин тағйирот инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ эътироф карда шуданд. Ва дарвоқеъ, ин меъёрҳо ифодагари мазмуну моҳияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва меҳвари асосии Конститутсияи мамлакат ба шумор мераванд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дастоварди бузурги халқ дар роҳи давлатсозию давлатдории навин ба шумор рафта, барои пойдории сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ ва ташаккули ниҳодҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ дар давлатамон нақши пурарзиш дорад ва дар заминаи он сатҳи маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии аҳолӣ баланд гардид. Баъди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми рукнҳои давлат дар сатҳи зарурӣ ташаккул, такомул ва тақвият ёфта, ҳолати аслии пешрафти давлат ва самти ташаккули иҷтимоиву иқтисодӣ, ҷамъиятию сиёсӣ ва динию маънавии ҷомеа дар шароити муосир аниқ муайян гардид.
Имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои хусусияте мебошад, ки барои бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд замина гузошта, таҳкиму такмили ниҳодҳои давлатию ҷамъиятиро таъмин менамояд. Ҷавҳари Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлолро арзишҳои миллӣ ва умумибашарии ҳуқуқӣ, аз қабили бори аввал дар сатҳи Конститутсия эътироф шудани забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ, арзиши олӣ эътироф шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ (моддаи 5-уми Конститутсия), аввалин бор пешбинӣ шудани шакли идораи ҷумҳурии президентӣ, дар сатҳи Конститутсия амалӣ шудани усули таҷзияи ҳокимият, эътирофи шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, дар таърихи сиёсии мамлакат бори аввал таъсис ёфтани Парлумони думаҷлисаи доимамалкунандаи касбӣ (боби 3, мод. 48-63), кафолати дар воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ мавҷуд будани мақомоти худидоракунии маҳалӣ ташкил медиҳанд. Дар таърихи сиёсии ҷумҳурӣ бори нахуст аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти давлатро дар назди ҷомеа ва шаҳрванд пешбинӣ мекунад ва бо ин роҳ афзалияти ҳуқуқи инсонро сабт менамояд.
Имрӯз дар ҷаҳон таҷрибаи маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҳолатҳои муайян бо мақсади эҳтиром ва ҳимояи ҳуқуқҳои дигарон, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи сохтори конститутсионӣ мумкин аст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ҷорӣ кардани маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар шароити муайян бо мақсади нигоҳдории тартибот, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои одамон ва дигар арзишҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол эътироф менамояд. Аз ҷумла, дар қисми сеюми моддаи 14-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад».
Конститутсия маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои мушаххасро низ пешбинӣ менамояд. Масалан, дар қисми 4-уми моддаи 27 омадааст: «Шахсоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрумшудагон нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот ва раъйпурсӣ иштирок кардан надоранд».
Аммо усули меҳварии сиёсати анъанавӣ қабули воқеият аст ва усули меҳварии сиёсати демократӣ қабули аксарият. Ҳар қонуне, ки қабул мешавад, замоне устувор ҳисоб шуда, мавриди истиқболи ҳамагонӣ қарор мегирад, ки воқеияти ҷомеа, арзишҳои умумимиллӣ, манфиати давлат ва мардумро ифода намояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи ҳамин гуна қонунҳо аст, зеро он ба воқеияти аллакай вуҷуддошта расмияти ҳуқуқӣ мебахшад. Яъне, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми амали сисолаи худ ва дар натиҷаи хизматҳое, ки барои давлат ва ҷомеаи мо ба ҷой овардааст, кайҳо боз ҷойгоҳи сазоворро ҳамчун танзимкунандаи муносибатҳои давлатию ҷамъиятӣ касб намудааст. Аз ин рӯ, барои мардуми Тоҷикистон Конститутсияи даврони соҳибистиқлолӣ, пеш аз ҳама, на танҳо қонуни асосии давлат, балки эътирофи ҷойгоҳи табиӣ ва рисолати таърихие аст, ки қонуни асосӣ дар пешгоҳи Ватану миллат ва дар шоҳидии тамоми мардум ба ҷой овардааст.
Сухан дар бораи ба расмияти ҳуқуқӣ даровардани воқеияти мавҷуда меравад. Барои расидан ба марҳилаи таърихие, ки имрӯз ҷомеа ва давлати мо аз сар мегузаронад, амали меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши ҳалкунанда иҷро менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз