НӮШОКИҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА ТАЪСИРИ МАНФИИ ОНҲО БА САЛОМАТИИ ИНСОН. Андешаҳо дар ин маврид

Ноябрь 7, 2026 10:45

ДУШАНБЕ, 07.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити рушди саноати хӯрокворӣ ва зиёд гардидани навъҳои гуногуни маҳсулоти нӯшокӣ истеъмоли нӯшокиҳои энергетикӣ дар байни аҳолӣ, ба хусус ҷавонону наврасон рӯ ба афзоиш дорад. Ин ҳолат зарурати баланд бардоштани маърифати тиббию санитарӣ ва огоҳ намудани аҳолиро аз таъсири эҳтимолии манфии чунин маҳсулот ба саломатӣ ба миён меорад. Дар ин хусус директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд Султон Раҳмонзода чунин ибрози назар намудааст.

-Нӯшокиҳои энергетикӣ маҳсулоте мебошанд, ки дар таркиби онҳо кофеин ва дигар моддаҳои ангезандаи фаъолияти системаи асаб, аз ҷумла таурин, гуарана, глюкуронолактон, инчунин миқдори гуногуни қанд ва дигар иловаҳои ғизоӣ мавҷуд буда метавонанд. Истеъмоли онҳо метавонад муваққатан ҳисси хастагиро кам намуда, ҳушёрӣ ва фаъолияти асабро баланд бардорад. Аммо ин таъсир маънои барқарор гардидани захираи воқеии неруи организмро надорад.

Таъсири нӯшокиҳои энергетикӣ ба саломатии инсон

Истеъмоли аз ҳад зиёд ва мунтазами нӯшокиҳои энергетикӣ метавонад ба фаъолияти якчанд узву системаҳои организми инсон таъсири манфӣ расонад. Аз ҷумла, кофеини дар таркиби онҳо мавҷуда метавонад боиси тез шудани таппиши дил, баланд гардидани фишори хун ва халалдор шудани набзи дил гардад. Ин ҳолат махсусан барои шахсони гирифтори бемориҳои дилу раг хавфи бештар дорад.

Ҳамзамон таъсири ангезандаи кофеин ба системаи асаб метавонад боиси бехобӣ, асабоният, изтироб, ларзиши дасту пой, дарди сар ва паст гардидани сифати хоби шабона шавад.

Қанди зиёд дар таркиби баъзе нӯшокиҳои энергетикӣ низ боиси нигаронӣ мебошад. Истеъмоли мунтазами чунин маҳсулот метавонад ба зиёдшавии вазни бадан, баланд шудани хатари фарбеҳӣ, диабети навъи 2 ва осеб дидани дандонҳо мусоидат намояд.

Хатари нӯшокиҳои энергетикӣ барои кӯдакон ва наврасон

Масъалаи истифодаи нӯшокиҳои энергетикӣ дар байни кӯдакону наврасон диққати махсусро талаб мекунад. Зеро организми онҳо ҳанӯз дар марҳилаи рушду ташаккул қарор дошта, таъсири моддаҳои ангезанда метавонад ба фаъолияти муътадили системаи асаб ва дилу рагҳо таъсири номатлуб расонад.

Истеъмоли чунин нӯшокиҳо дар синни кӯдакӣ ва наврасӣ метавонад боиси вайроншавии реҷаи хоб, асабоният, баланд шудани фишори хун, тез шудани таппиши дил ва мушкилоти ҳозима гардад.

Аз ин рӯ, ташкилоти бонуфузи соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла Академияи педиатрияи Амрико истеъмоли нӯшокиҳои энергетикиро барои кӯдакону наврасон тавсия намедиҳанд.

Истеъмоли аз ҳад зиёди энергетикҳо-сабаби заҳролудшавӣ

Истеъмоли якбораи миқдори зиёди кофеин метавонад боиси заҳролудшавии организм гардад. Дар чунин ҳолат шахс метавонад таппиши шадиди дил, баландшавии фишори хун, ларзиши бадан, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, изтироби шадид ва дар ҳолатҳои вазнин ҳатто ташаннуҷ ва беҳушшавиро аз сар гузаронад.

Дар ҳолати пайдо шудани чунин аломатҳо, махсусан дарди қафаси сина, вайроншавии шадиди набзи дил ва беҳушшавӣ фавран ба ёрии таъҷилии тиббӣ муроҷиат намудан зарур аст.

Тавсияҳои пешгирикунанда

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ, ба хусус насли наврас чунин тавсия медиҳад:

  1. Кӯдакону наврасон аз истеъмоли нӯшокиҳои энергетикӣ худдорӣ намоянд.
  2. Волидон ба таркиб, миқдори кофеин, қанди умумӣ ва маълумоти тамғагузории маҳсулоти харидашаванда диққати ҷиддӣ диҳанд.
  3. Нӯшокиҳои энергетикӣ бо машрубот, қаҳва ва дигар маҳсулоти дорои миқдори зиёди кофеин якҷоя истеъмол карда нашаванд.
  4. Барои рафъи ташнагӣ ва нигоҳ доштани тавозуни оби организм ба истифодаи оби тозаи нӯшокӣ афзалият дода шавад.
  5. Дар муассисаҳои таълимӣ ва оилаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба оқибатҳои эҳтимолии истеъмоли чунин нӯшокиҳо мунтазам ба роҳ монда шаванд.
  6. Масъулини соҳаҳои савдо ва хизматрасонӣ талаботи амалкунандаи қонунгузорӣ ва меъёрҳои бехатарии маҳсулоти хӯроквориро риоя намоянд.

Саломатии инсон арзишмандтарин сарвати ҷомеа мебошад. Нӯшокиҳои энергетикӣ, сарфи назар аз таблиғ ва ҷолибияти зоҳирии онҳо воситаи барқарор намудани неруи организм набуда, истеъмоли аз ҳад зиёди он метавонад ба саломатӣ таъсири манфӣ расонад.

АКС: Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд

 

 

Ноябрь 7, 2026 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

БУНЁДИ БЕШ АЗ 113,5 ГЕКТАР БОҒҲОИ СИТРУСӢ. Доктори илмҳои биологӣ Саидалӣ Гулов ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТАҲКИМИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ ИННОВАТСИЯ. Шарҳи мутахассис дар ин мавзуъ
КАСБОМӮЗӢ — РОҲИ РАСИДАН БА ШУҒЛИ УСТУВОР. Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир беш аз 44 ҳазор нафарро ба омӯзиш фаро гирифт
«ПИРИ ҲАКИМОНИ МАШРИҚЗАМИН». Рисолаи Сотим Улуғзода оид ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино
Дар муассисаҳои таҳсилоти иловагии Тоҷикистон 305 маҳфили фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёз амал менамоянд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Соли 2026 метавонад яке аз чор соли гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳои иқлимӣ бошад
ҲУНАР ОМӮЗ! Дар Тоҷикистон беш аз 77 ҳазор наврасон ба муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ҷалб гардидаанд
Форуми сеюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон доир шуд
РАҚАМИКУНОНИИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 120 хизматрасонии давлатӣ тавассути портали электронӣ дастрас мебошад
САНОАТИ МАЪДАН ВА МЕТАЛЛУРГИЯ. Он яке аз муҳимтарин бахшҳои саноат мебошад
БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ МИЛИТСИЯ. Рақамикунонӣ ва муҷаҳҳазгардонии кормандон бо бодикамераҳо ба нақша гирифта шудааст
Вазъи иқлими сайёра соли 2026 аз меъёр берун меравад