Ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистон дар Ёвон ҳамоиш доир гардид

Ноябрь 6, 2024 09:55

ЁВОН, 06.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон  ҳамоиши идона доир гардид.  Дар ин хусус масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Иброз гардид, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамасола 6 ноябрро бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ҷашн мегиранд. Имсол аз қабули ин  санади  сарнавиштсоз 30 сол сипарӣ мешавад. Маҳз ба шарофати амалӣ гардидани меъёрҳои ин санади сарнавиштсоз давлати мо аз давраи бисёр душвори таърихӣ раҳоӣ ёфта, дар ҳамаи соҳаҳо тадриҷан ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид ва ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Иброз гардид, ки 6 ноябри соли 1994 дар давраи ниҳоят ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ, дар замоне, ки ҳанӯз оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга мезад, бо ибтикор ва ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заковату иродаи мардуми сарбаланди тоҷик Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Он ба амалӣ гардидани орзуву ормонҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик ва ташаккули давлатдории муосири Тоҷикистон мусоидат намуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Ноябрь 6, 2024 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад