Байни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва Донишгоҳи давлатии Полоски Беларус созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Ноябрь 29, 2024 11:07

ДУШАНБЕ, 28.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии Полоски ба номи Евфросинияи Полоскии Беларус созишномаи ҳамкории илмӣ – техникӣ ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар медиҳад.

Созишнома 27 ноябр дар ҳошияи Форуми сеюми байналмилалии ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.

Муҳтавои созишномаи ҳамкорӣ ба пешрафти техникии ҳарду ҷумҳурӣ, омодасозии мутахассисони баландихтисос, анҷом додани таҳқиқоти илмӣ ва ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ-техникӣ дар истеҳсолот нигаронида шудааст.

Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Аюб Усмонзода ва ректори Донишгоҳи давлатии Полоск Юрий Романовский зимни суҳбати самимӣ барои дар амал татбиқ намудани бандҳои созишномаи ҳамкорӣ ибрози андеша намуданд.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо чор муассисаи таҳсилоти олии Беларус созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар доираи онҳо корҳои назаррасро ба сомон расонидааст.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Ноябрь 29, 2024 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид