«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 25.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалишавии «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028» Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Даври шаҳрии озмун имрӯз дар шаҳру ноҳияҳо оғоз гардида, то 10 декабри соли равон идома меёбад.
Тибқи талаботи озмун, дар он ҳамсарони беҳтарин аз оилаҳои намунавӣ иштирок карда метавонанд.
Дар озмун дар доираи талаботи ҳамсар бештар ба мардҳо афзалият дода мешавад. Марди оила бояд ҳамаҷиҳата рушдёфта бошад, дар самти маърифатнокии аҳли оила, ба илмомӯзию касбомӯзӣ машғул шудани онҳо, меҳанпарастию меҳнатдӯстии фарзандон, таъмини шароити мусоид барои кору таҳсил, ҷалби фарзандон ба варзиш, корҳои ҷамъиятӣ ва дигар самтҳои рушди оила саҳм гузорад.
Ҳадафи озмун, пеш аз ҳама, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, меҳру муҳаббат нисбат ба ҳамсар, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ ва зебоипарастиву меҳнатдӯстӣ мебошад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» тадбири муҳим буда, аҳли ҷомеаро ба баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, меҳру муҳаббати самимӣ байни ҳамсарон ва тарбияи дурусти кӯдакон ҳидоят менамояд.
Ҷамъбаст ва маросими мукофотсупории озмун нимаи дуюми моҳи декабр баргузор мегардад. Ғолибон бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






