Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 24.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти шаҳри Норак ва намояндагони Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангин вохӯрӣ намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак.
Мақсади вохӯрӣ ба аҳолӣ фаҳмонидани моҳияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» буд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ, муошират дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва пешгирӣ аз ҳамроҳшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, коҳиш додани шиддати ҷинояткорӣ байни ноболиғону ҷавонон, махсусан хонандагони муассисаҳои таълимӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






