Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар Остона 7 варзишгари тоҷик иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 07.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 8 то 10 ноябри соли 2024 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо доир мегардад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ин мусобиқа аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 варзишгар- Акмалиддин Каримов дар вазни 58 кг, Сорбон Латипов дар вазни 64 кг, Муҳаммадисо Раҷабов дар вазни 71 кг, Деваштич Убайдӣ дар вазни 79 кг, Зафар Олимшоев дар вазни 88 кг, Масъуд Қуқаншоев дар вазни 58 кг ва Худоёр Раҷабзода дар вазни 71 кг қувваозмоӣ мекунанд.
Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон се паҳлавони шинохтаи тоҷик унвони чемпиони ҷаҳон оид ба самборо ба даст оварданд, ки инҳо Беҳрӯз Хоҷазода (соли 2017), Хушқадам Хусравов (соли 2018) ва Акмалиддин Каримов (соли 2021) мебошанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) варзишгарони зиёда аз 70 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд
ВАРЗИШ — ПАЙКИ СУЛҲ, ДӮСТӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Ҳамоиши фарҳангию фароғатӣ ва варзишию солимгардонӣ доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Шаҳритус аз рӯи 13 намуди варзиш машғулият гузаронида мешавад
10 АВГУСТ — РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН. Теъдоди иншооти соҳаи варзиш беш аз 9 маротиба афзоиш ёфтааст
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати расмии ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу соҳиби 9 медал гардид
Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон дар семинари доварони элитаи КФО дар Тошканд иштирок намуданд
Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар семинар барои комиссарони нави бозиҳои CAFA иштирок карданд
ФУТБОЛ. Пагоҳ бозиҳои даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мегардад
Варзишгари ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнону румӣ соҳиби медали нуқра гардид
Варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзишии Тоҷикистон 278 медал ворид намуданд
Варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии теннис соҳиби ду медали тилло шуд






