Дар Душанбе бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ – назариявии ҷавонон доир шуд

Ноябрь 2, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 02.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва таҷлили сазовори 30 – солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия – иродаи мо ҷавонон дар роҳи давлатдории миллӣ» конференсияи илмӣ – назариявӣ баргузор шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Иброз гардид, ки барои аҳли ҷомеа, хусусан ҷавонон мояи ифтихору сарфарозист, ки имсол низ ин ҷашни таърихию тақдирсозро бо шарофати сиёсати созанда ва хирадмандонаи Пешвои миллат дар фазои сулҳу суботи комил, якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ, рӯҳияи баланди миллӣ ва ифтихори ватандорию меҳанпарастӣ таҷлил менамоем. Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мо онро ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат унвон мекунем дар ҳифзу тараққии давлатдории миллиамон саҳми аввалиндараҷа дорад.

Ҳамчунин таъкид шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати асосии ҳуқуқии мамлакат дорои аҳамияти назаррас аст, ки асосҳои сохтори давлатдорӣ ва муносибатҳои байни давлат ва шаҳрвандонро муайян мекунад. Он дар асоси принсипҳои демократия, ҳокимияти халқӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва иҷтимоӣ сохта шудааст.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 2, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид