Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба аъзои беҳтарини Лигаи ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол доир гардид

Ноябрь 27, 2024 14:39

ДУШАНБЕ, 27.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар  шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории Лигаи ҷавонони Тоҷикистон  «Пешсаф» (то 18-сола) доир шуда, ғолибону ҷоизадорони чемпионат қадрдонӣ гардиданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ғолибону ҷоизадорони Лигаи ҷавонони Тоҷикистон «Пешсаф»-ро табрик гуфта,  ба онҳо дар футбол, таҳсил ва зиндагӣ барору комёбӣ таманно кард.

Хотиррасон мекунем, ки  имсол ғолиби Лигаи ҷавонони Тоҷикистон «Пешсаф»   бо дарёфти 33 хол дастаи  Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ (МҶМОВ)  гардид. Дастаро ба ин муваффақият мураббии номдор Носир Ҳамидов расонид.

Медалҳои нуқраи чемпионат насиби  дастаи   «Душанбе»  бо  28 хол гардиданд.

Дастаи  ҷавонони КМВА-и  шаҳри  Душанбе дар ҷадвали мусобиқа бо дарёфти  23 хол  ҷойи сеюмро гирифт.

Дар ҷамъбасти мавсим ба бозингарон, мураббиён ва дастаҳо мукофотҳои инфиродӣ супурда шуданд. Дастаи  КМВА-и  шаҳри Душанбе ҷоизаи «Fair Play»-ро соҳиб шуд. Саидҷон Хоҷаев аз дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Душанбе, Эмомиддин Одинаев  аз  дастаи  КМВА-и шаҳри Душанбе, Абубакр Асоев  аз дастаи МҶМОВ ва Улуғбек Сатторов  аз дастаи «Душанбе»  беҳтарин бозингар дар ҳайати дастаи хеш эътироф шуданд.

Носир Ҳамидов беҳтарин мураббии лига дониста шуд, ки  МҶМОВ таҳти роҳбарии ӯ медалҳои тилло ба даст овард.

Ҷоизаи беҳтарин нишонзан ба Фаррух Маҷидов  аз  дастаи   МҶМОВ  тақдим гардид, ки дар мавсими анҷомёфта 12 гол задааст.

Беҳтарин бозингари чемпионат Алиҷон Шарбатов  аз  дастаи  «Душанбе» дониста шуд.

Мусобиқаи Лигаи ҷавонони Тоҷикистон «Пешсаф» (то  18-сола)  бо дастгирии Ассотсиатсияи футболи Ҷопон (JFA) баргузор мегардад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Ноябрь 27, 2024 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд