Дар Эрон Форуми сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид

Ноябрь 30, 2024 10:14

ДУШАНБЕ, 30.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр дар ҷазираи Киш Форуми сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон.

Дар форум Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ, раиси Минтақаи озоди иқтисодии Киш Муҳаммадҷаъфари Кабирӣ, роҳбари намояндагии Вазорати умури хориҷа дар Киш,  масъулини ниҳодҳои давлатии Эрон,  ҳайати бахши хусусии соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ бо роҳбарии директори ширкати ватании Somon Travel ва мудирони аршади соҳаи сайёҳии Эрон иштирок намуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ доир ба иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ ва имконоту тавонмандиҳои сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ бобати ба роҳ мондани  хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва табодули таҷриба дар самти пешниҳоди маҷмуи хизматрасониҳо ба меҳмонону сайёҳон бо фаъолони ҳавзаи гардишгарии Эрон ба тавофуқ расиданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва  Эрон санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон

Ноябрь 30, 2024 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад