Дар Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботӣ – интихоботӣ доир гардид

Ноябрь 14, 2024 09:47

ДУШАНБЕ, 14.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 13 ноябр дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он Убайдулло Асрорзода раиси Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон интихоб гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, зимни ҷаласа ҳисоботи Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон пешниҳод шуда, аризаи истеъфои раиси Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон ва интихоби раиси нави Федератсия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳамчунин иштирокдорон доир ба дастовардҳои Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон ва вазифаҳои минбаъда мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 14, 2024 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд