Дар Хуҷанд доир ба масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот конференсияи минтақавӣ баргузор гардид

Ноябрь 23, 2024 14:42

ДУШАНБЕ, 23.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар мавзуи «Масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар вилояти Суғд: таҳлили вазъ ва дурнамо» конференсияи минтақавӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Конференсия бо ташаббуси Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор шуда, дар он мақомоти давлатӣ ва идораҳои дахлдор иштирок намуда, муҳимтарин масъалаҳои соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Рушди босуръати илму техника, рақамикунонии соҳаҳои мухталифи ҷомеа, истифодаи васеи технологияи муосир дар фаъолияти аксар соҳаҳои муҳими давлатӣ таваҷҷуҳи бештарро талаб намуда, доир ба мавзуъҳои асосӣ аз ҷониби иштирокчиёни конференсия ибрози назар карда шуд.

Иброз гардид, ки тадбирҳо дар самти рушди ҳукумати электронӣ, рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, хизматрасониҳои давлатӣ ва маҷмуи чорабиниҳои дигар тақозо менамоянд, ки мушкилоти ҳифзи техникии иттилооти дастрасиаш маҳдуд ба таври пайваста баррасӣ ва роҳҳои ҳалли он пайдо гардад.

Дар идомаи конфренсия таҷрибаи миллӣ ва байналмилалии ҳифзи техникии иттилоот мавриди муҳокима қарор гирифта, баҳри рушду такмили он таклифҳои судманд пешниҳод гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки айни замон «Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» амалӣ гардида истодааст.

Дар интиҳо баҳри такмили самтҳои алоҳидаи корӣ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

АКС: Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 23, 2024 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт