Дар Китобхонаи миллӣ вобаста ба Парчами давлатӣ-рамзи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон!» ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Китобхонаи миллӣ хабар доданд.
Иброз гардид, ки Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дӯстиву бародарии ҳама миллатҳои он ба шумор меравад.
Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ ҷалб менамояд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон аз таърихи куҳани парчамсозиву парчамдории тоҷикон буда, исботи он аст, ки гузаштагони мо- қавмҳои ориёию Куруши Кабир ва Коваи бузург соҳиби парчам буданд. Парчами давлатӣ нишони азму иродаи устувори мардум барои ободонии ин сарзамини аҷдодӣ мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки «қабули Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати мустақили Тоҷикистон нишони соҳибихтиёрӣ, ягонагӣ ва ифтихори мардуми ҷумҳурӣ аз дигар иқдоми муҳими иҷлосияи таърихӣ буд. Зеро давлати соҳибистиқлоли тоҷикон беш аз як сол рамзҳои инъикоскунандаи соҳибихтиёрии худро надошт. Бинобар ин, рӯзи қабули Парчами давлатӣ, яъне 24 ноябрро мо ҷашни умумимиллӣ эълон кардем, ки ҳар сол аз ҷониби мардуми Тоҷикистон бо ифтихори бузург таҷлил мегардад».
АКС: Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






