Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
ШАҲРИНАВ, 24.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав корҳои тоза ва васеъ намудани каналҳои обрасонро пеш аз бориш, селу обхезиҳо ва обёрикунии заминҳо оғоз намуд. Бо ин мақсад дар канали «Фарҳод», ки дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Чусти ноҳия ҷойгир аст, корҳои тозакунӣ ва ба тартибдарорӣ идома доранд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» масъулини Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд, дар канал корҳои тозакунӣ ба масофаи зиёда аз як километр амалӣ гардидаанд.
Тоза намудани каналу заҳбурҳо дар ҳудуди ноҳия идома ёфта, ҳамчунин ба хотири пешгирии офатҳои табиӣ дар назар аст, ки соҳилмустаҳкамкунию тоза намудани селпартоҳо низ амалӣ шавад.
Дар ноҳияи Шаҳринав 13 канал бо масоҳати 144 километр ва 44 километр заҳбуру заҳркашҳо мавҷуд ҳастанд, ки ба ин восита 5353 гектар замини корами обӣ обёрӣ карда мешавад. Мувофиқи нақшаи пешбинишуда, корҳои тозакунии каналу заҳбур ва заҳркашҳо муташаккилона идома доранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






