Дар шаҳри Бохтар толори варзишӣ ифтитоҳ гардид

Ноябрь 10, 2024 11:40

ДУШАНБЕ, 10.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бохтар Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид толори варзиширо дар ин шаҳр мавриди истифода қарор дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар хабар медиҳад.

Иншоот дар назди бинои Раёсати ҷавонони вилояти Хатлон ҷойгир буда,  аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон» ба тариқи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ бо маблағи умумии 2 миллион сомонӣ навсозӣ шуда, бо таҷҳизоти муосири машқу тамрин таъмин гардид.

Масоҳати умумии маҷмаа 451 метри мураббаъ буда, аз қабулгоҳ, утоқҳои либосивазкунӣ, ҳаммом ва 3 утоқи кории роҳбарият иборат мебошад.

Корҳои таъмиру навсозиро ширкати сохтмонии «Сомон сохтмон-иншоот» анҷом додааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар

 

Ноябрь 10, 2024 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд