Дар шаҳри Душанбе Рӯзи Президенти Тоҷикистон бошукӯҳ таҷлил гардид

Ноябрь 16, 2024 12:21

ДУШАНБЕ, 16.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҳамоиш бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии давлатдорӣ, пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ  баргузор  гардид.

Дар ҳамоиш иброз шуд, ки бо мақсади  арҷгузорӣ ба  хизматҳои  арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шуруъ  аз соли 2016  16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Иштирокдорон изҳор доштанд, ки таҷрибаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои маҳбуби точикон ва Президенти сулҳофар дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва пойдории истиқлолу ваҳдати миллӣ барои мо мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзӣ расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ мебошад, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайваста аст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 16, 2024 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад