Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил намуданд

Ноябрь 22, 2024 15:28

ДУШАНБЕ, 22.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин ниҳод. 

Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз Ашурзода иброз дошт, ки 24 ноябр дар саросари ҷумҳурӣ Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатиро дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои давлатии Тоҷикистон эътироф намудааст ва он чун рукни асосии муқаддаси  миллӣ таҳти ҳимояи қонун қарор  дорад.

Иброз гардид, ки Парчами давлатӣ симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд. Пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ пос доштан ва ҳимоя кардани  Ватан,  таъриху суннатҳои халқу давлат маҳсуб мешавад.

Парчам ба сифати рамзи давлату миллат аз рӯзгорони қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии давлату миллат дарак медод. Парчамро аз замонҳои қадим дар ҷангу муҳорибаҳо парчамбардорон пешопеши лашкар мебурданд ва ба дасти душман афтидани парчам нишони шикасту  мағлубияти давлат ба ҳисоб мерафт.

Дар таърихи халқи тоҷик афрохтани парчам ҳамчун рамзи барҳам задани  пояи ҷабру бедодӣ, натиҷаи талошу  мубориза барои ба даст овардани озодиву  истиқлол ва нишони қудрату тавоноӣ  арзёбӣ мешавад. Ба ин тасвири уқоб дар парчам ё ливои Куруши Кабир чун рамзи давлати неруманд, ливои Коваи оҳангар чун талошу мубориза ва ҷоннисориҳои ниёгони мо барои озодиву истиқлол мисол шуда метавонанд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлоисияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, ҳамасола дар ҷумҳурӣ  24 ноябр чун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Ин далели арҷгузорӣ ба гузаштаи хеш ва  тарбия кардани насли наврас мебошад.

Имрӯз Парчами давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати соҳибистиқлол бо номи Тоҷикистон   хабар медиҳад.

АКС: Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 22, 2024 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд