Дар Тоҷикистон дар нуҳ моҳ нақшаи даромади буҷети давлатӣ 105,4 фоиз иҷро гардид

Ноябрь 1, 2024 10:18

ДУШАНБЕ, 01.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар 9 моҳи соли равон нақшаи даромади буҷети давлатӣ дар Тоҷикистон 105,4 фоиз иҷро гардида, ба буҷет дар маҷмуъ 33 миллиарду 300 миллион сомонӣ ворид шудааст. Дар ин хусус 31 октябр Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд.

Сарвари давлат изҳор доштанд, ки дар ҷумҳурӣ дар ин давра 334 миллион доллар сармояи мустақими хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 58 фоиз зиёд мебошад.

Дастур дода шуд, ки барои ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Президенти Тоҷикистон зимни таҳлил ба масъалаи вусъат додани раванди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва рақамикунонии пешниҳоди хизматрасониҳо диққати аввалиндараҷа дода, самаранок амалӣ намудани фаъолияти Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои рақамикунонии хизматрасонии давлатӣ ва ҳисоббаробаркунии ғайринақдиро талаб намуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 1, 2024 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд