ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз гардид

Ноябрь 23, 2024 16:30

ДУШАНБЕ, 23.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр дар шаҳри Душанбе барои мураббиёни футзал ҷиҳати дарёфти   иҷозатномаи  «Level-2»-и Конфедератсияи футболи Осиё машғулиятҳои омӯзишӣ оғоз шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

14 нафар довталаб Алишер Улмасов, Дилшод Саломов, Орзу Додхудоев, Шамшод Ниятбеков, Акбарҷон Ортуков, Меҳрубон Тиллозода, Муродулло Алиқулов, Баҳром Ёрматов, Рустам Мардинаев, Акмал Ҷумъаев, Раҳмоналӣ Шарифов, Валиҷон Валиев, Бобомурод Мирзоев ва Фарзод Мирзоев барои дарёфти иҷозатномаи «Level-2» ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.

Барномаи машғулиятҳои омӯзишӣ дарсҳои назариявӣ ва амалиро дар бар мегирад. Донишҷӯёне, ки машғулияти омӯзиширо бомуваффақият хатм мекунанд, соҳиби иҷозатномаи мураббии футзали «Level-2»-и КФО мешаванд.

Дастурдиҳандаи асосии машғулиятҳо инструктори Конфедератсияи футболи Осиё, собиқ сармураббии тими миллии Эрон Ҳусейн Шамс буда, ба ӯ дастурдиҳандаи Федератсияи футболи Тоҷикистон Ҳусейн Шодиев кумак мекунад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Ноябрь 23, 2024 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар