Конститутсияи Тоҷикистон дар муддати 30 сол заминаи устувори бунёди ҷомеаи мутамаддинро гузошт

Ноябрь 5, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 05.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 6 ноябр ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад. Бахшида ба ин сана президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» чунин гуфт:

-Ҳама миллату халқият аз қадим то имрӯз дар талоши бунёди ҷомеаи мутамаддин мебошанд. Вале бунёди чунин ҷомеа ба ҳама муяссар нагардидааст. Он ҷомеае метавонад ба сатҳи тамаддун расад, ки пеш аз ҳама, дар заминаи маърифат ва меъёрҳои арҷгузор ба ҳаёти инсоният ташаккул ёфта бошад. Аз таҷрибаи таърихи башарӣ маълум мегардад, ки тоҷикон дар ҳама давру замон ба унсурҳои меҳварии тамаддун арҷ гузошта, ҳамчун миллати мутамаддин эътироф гардидаанд. Имрӯз ибтикору ташаббусҳои Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамаддунофар будани миллати тоҷик хабар медиҳад. Яке аз нишонаҳои ҷонибдорӣ аз ҷомеаи мутамаддин ва бунёди чунин ҷомеа Конститутсияи мамлакат мебошад. 30 сол мешавад, ки дар заминаи ин санади сарнавиштсоз миллату давлати тоҷикон дар масири эъмори ҷомеаи мутамаддин гомҳои устувор гузошта истодаанд. Конститутсия дар мазмуну муҳтавои хеш ҳадафу мақсад ва дурнамои миллату давлатро баён менамояд. Он то кадом андоза ташаккул ва рушд ёфтани мафкураи ҳуқуқии ҷомеаро нишон медиҳад.

Дар ҳаёт татбиқ гардидани ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бо манфиат истифода бурдани он аз маърифати ҳуқуқии ҷомеа бештар вобаста мебошад. Маҳз бо мақсади дарку фаҳмиши Қонуни асосии ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ аз ҷониби ҷомеа соли 2024 аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи таҳкими унсурҳои ҷомеаи мутамаддин дар мамлакат ба ҳисоб меравад. Дар меҳвари Конститутсияи Тоҷикистон, пеш аз ҳама, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор дорад, ки дар масири расидан ба ҷомеаи мутамаддин шарти зарурӣ мебошад.

Таҷрибаи таърихи ҷаҳонӣ собитгари он аст, ки ҳар халқ дорои расму ойин ва урфу одати хоси худ мебошад, ки дар ҳар давру замон ӯро ҳамчун миллат муаррифи ҷаҳон мегардонад. Аз ҳамин лиҳоз, ниёгони тамаддунофари мо, тоҷикон ҳамеша талош менамуданд, ки ин арзишҳои муқаддасро тавассути эҷоди меъёрҳои ба манфиати ҷомеа равонагардида эмин нигоҳ доранд. Имрӯз ҳам гуфтан мумкин аст, ки дар замони муосир ин анъанаи нек идома дода шуда, меъёрҳое эҷоду қабул мешаванд, ки хоси мақсаду мароми миллати моянд.

Конститутсия ҳамчун санади муҳимму сарнавиштсоз барои миллати худогоҳу худшиноси тоҷик, ки дорои таъриху фарҳанги ғановатманди қадимӣ мебошад, таҳия шуда, бо назардошти шароити муосир инъикосгари ғояву арзишҳои миллии ҷомеа ва давлати соҳибистиқлоли мо мебошад.

Қонуни асосии ҷумҳурӣ  таҳти роҳбарии Президенти мамлакат дар давраи бисёр мураккабу сарнавиштсоз ва моҷароомези рӯзҳои нахусти ташаккули давлатдории миллиамон қабул гардида, бузургтарин дастоварди даврони истиқоли ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Ин санади муҳимми сиёсӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои амалӣ гардидани ҳадафҳои бузурги миллати тоҷик, яъне бунёди давлати мутамаддин, ки дар меҳвари он арҷ гузоштан ба инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ қарор дорад, заминаи муҳимми ҳуқуқӣ гузошт.

Муҳимтарин арзиши Конститутсия дар он ифода меёбад, ки аркони ҷомеаи мутамаддини ҷумҳуриро мушаххас намуда, ҳамчун инъикосгари азму ирода ва нияту орзуҳои неки инсонӣ равашангари роҳи пешгирифтаи ҳаёти ҷомеа мебошад. Қонуни асосӣ барои  муайян кардани асосҳои сохтори конститутсионӣ, таҳкими бунёди давлатдории мутамаддин заминаи воқеӣ гузошта, рушди бемайлони давлат, вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқиро таъмин намуд.

Дар заминаи қабули Конститутсия дар ҷумҳурӣ ислоҳоти ҳуқуқӣ идома дода шуд. Аввалин санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои нав дар робита ба ташаккули аркони давлатдорӣ, фаъол намудан ва таҳкими сохтори ҳокимияти давлатӣ ба тавсиб расида, мақоми нави ҳокимияти давлатӣ ҷавобгӯ ба талаботи замон ва ҷомеа таъсис дода шуд.

Дар асоси талаботи муқаррароти Конститутсия санадҳои меъёрии ҳуқуқии муҳимме қабул карда шуданд, ки ҳамаи онҳо дар умум ифодаи раванди бо мароми ислоҳоти ҳуқуқӣ дар мамлакат буда, заминаи боэътимоди рушди ҷомеаро таъмин менамоянд.

Конститутсия манфиатҳои миллии мардуми Тоҷикистонро инъикос карда, аз конститутсияҳои қаблӣ, ки дар таърихи низоми идоракунии давраҳои мухталифи ҷумҳуриамон солҳои 1929, 1931, 1937 ва 1978 қабул гардидаанд, фарқияти куллӣ дорад.

Конститутсия нахустин ҳуҷҷати сатҳи олии мамлакат мебошад, ки на аз номи халқ, балки аз ҷониби худи халқ бо дарки масъулияти баланду нигоҳи тоза эълон ва қабул гардидааст ва ин ифодаи орзую ормонҳои мардумӣ дар муқаддимаи он таҳким бахшида шудааст.

Дар ин ҳуҷҷати муҳимми сиёсиву ҳуқуқӣ давлати демокративу дунявӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам гардида, дар заминаи он принсипҳои демократӣ таҷассум пайдо намудаанд.

Дигар принсипи давлати мутамаддину муосир, яъне арзиши олӣ эътироф шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ дар Конститутсия мустаҳкам карда шудааст. Дар Конститутсия меъёрҳое инъикоси худро пайдо намудаанд, ки ҳанӯз зиёда аз дуввуним ҳазор сол пеш дар Эъломияи Куруши Кабир (539 то мелод) дарҷ ёфта буданд.

Дар Қонуни асосӣ арзишҳое, монанди ҳаёт, қадр номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир эътироф шуда, муқаррар гардидааст, ки ҳар шахс ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, ки ин ифодакунандаи моҳияти демократии давлат буда, шароити мусоидро барои инкишофи озодонаи инсон фароҳам меорад.

Дар ин радиф, Конститутсия таҷзияи ҳокимияти давлатиро ба шохаҳои қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар кардааст. Дар сатҳи Қонуни асосӣ амалӣ гардидани ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар карда шуда, ин меъёр имкон дод, ки шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар асоси принсипи боздорӣ ва мувозинат, мустақилона бе дахолат ба фаъолияти ҳамдигар ташаккул ёфта, ба нафъи ҷомеаи Тоҷикистон хидмат намоянд.

Дар Қонуни асосии мамлакат ҳамчунин махсусияти низоми иқтисодӣ инъикос гардидааст, ки дар асоси ташкили шаклҳои гуногуни моликият амалӣ шудааст. Давлат дар асоси ин фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад. Дар шароити муосир бинобар дар сатҳи Конститутсия мустаҳкам гардидани эътирофи шаклҳои гуногуни моликият, хусусан моликияти хусусӣ ва кафолати фаъолияти озоди соҳибкорӣ барои ташаккули муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ дар асоси рақобати озод, ҷалби шаҳрвандон ба фаъолияти соҳибкории инфиродӣ ва тавассути таъсиси шахсони ҳуқуқӣ, озодона бастани шартнома ва ворид шудан ба муомилоти гражданӣ бо такя ба принсипҳои мустақилият ва баробарӣ имкон дод, ки иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба маротиб афзуда, сатҳи некӯаҳволии мардум бо маром боло равад.

Аз таҷрибаи аксар давлатҳои мутамаддин бармеояд, ки яке аз мехнизмҳои рушди ин низоми демократӣ ва дунявӣ мавҷудияти мақомоти олии қонунгузорӣ ва ё парламенти касбӣ ба шумор меравад. Мувофиқи Конститутсия аввалин маротиба дар таърихи давлатдорӣ парламенти дупалатаи доимамалкунандаи касбӣ таъсис ёфта, барои рушду инкишофи ҳам андешаи парламентаризми миллӣ ва ҳам амалияи демократии давлату давлатдориамон мусоидат намуд. Таъсиси парламенти дупалатаии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон барои эҷод ва қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеа заминаи боэътмод гузошт. Имрӯз раванди қонунэҷодкунӣ аз ҷониби мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории ҷумҳурӣ бо маром амалӣ мегардад. Дар заминаи Конститутсия дар ҷумҳурӣ 396 қонун, зиёда аз 25 кодекс ва 18,5 ҳазор санадҳои зериқонунӣ ҷавобгӯ ба замони муосир қабул шудаанд, ки муносибатҳои мухталифи ҷомеаро ба танзим дароварда, тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотро танзим менамоянд.

Дар заминаи Конститутсия низоми маъмурии ҷумҳурӣ муқаррар шудааст, ки мутобиқи он воҳидҳои маъмуриву марзӣ, ба мисли шаҳраку деҳот кафолати мавҷуд будани мақомоти худидоракунии маҳаллӣ мебошанд. Ин низом яке аз нишондиҳандаи муҳим маҳсуб мешавад, ки аз ҷониби худи аҳолии маҳал бо назардошти манфиатҳои иҷамъиятӣ, анъанаҳои миллӣ ва хусусияти маҳаллӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии дорои аҳамияти маҳаллӣ таъсис ёфта, робитаи наздики давлатро бо аҳолӣ таъмин менамоянд.

Ҳамин тавр, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишҳои муҳимми мардуми ҷумҳурӣ ва ҷомеаи ҷаҳониро дар худ инъикос намуда, дар муддати 30 сол заминаи устувори бунёди ҷомеаи мутамаддинро гузошт.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 5, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Дар Тоҷикистон чор фурудгоҳи байналмилалӣ фаъолият доранд
«БАРНОМАИ РУШДИ СОҲАИ ҶАНГАЛ БАРОИ СОЛҲОИ 2022-2026». Дар Тоҷикистон майдони дарахтони мевадиҳанда 592 гектарро ташкил медиҳад
Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОНКҲО. Бонки миллии Тоҷикистон дар таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ нақши назаррас дорад
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» татбиқ мегардад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Он барои таҳким бахшидани пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст
Тоҷикистон соли 2025 мизбони Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳои Созмони Милали Муттаҳид мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус