Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим ва Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон бо гармӣ таъмин мебошанд
ЁВОН, 25.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Барои дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» нақшаи пешниҳодгардидаи зимистонгузаронӣ аз ҷониби масъулини Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон ва Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳия пурра иҷро гардид. Ҳоло ҳуҷраҳои бошандагону синфхонаҳо ва хобгоҳи ятимон пурра бо гармӣ таъмин мебошанд. Дар ин хусус хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ медиҳад.
Директори Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон Нуқра Ҳасензода иброз намуд, ки “муассисаи мо бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба хати озоди барқи доимӣ пайваст мебошад. Тавассути болерҳои барқӣ хобгоҳҳои ятимон ва синфхонаҳои онҳо бо гармӣ пурра таъмин мебошанд. Дар айни замон дар муассиса 2 тонна ангишт, 8 метри мукааб ҳезум ва як генератори барқии баландшиддат захира карда шудааст. Ҳамчунин маҳсулоти хӯрокворӣ, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, картошка, пиёз, сабзӣ ва дигар намуди маҳсулот захира гардидааст.
Дар анборҳои Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон барои се вақт бо хӯроки гарм таъмин намудани бошандагони ин муассиса 4000 кг картошка, 1000 кг пиёз, 6 тонна орд, 400 литр равған, 300 кг биринҷ, 600 кг шакар, 3,5 тонна дигар намуди маводи хӯрокворӣ ва садҳо зарфи шишагин шарбати меваю шакароб ва бодирингу помидори шӯр захира карда шудааст.
Ҳамчунин барои таъмини утоқҳои бошандагон бо гармӣ 5 тонна ангишт, 80 метри мукааб ҳезум, 1000 литр сӯзишвории дизелӣ захира мебошад. Дар муассиса 90 печкаи барқӣ ва 4 печкаи аловӣ мавҷуд аст, ки имрӯзҳо аз ҳисоби ба хати озоди барқ пайваст будани муассиса ҳуҷраҳои бошандагон бо гармӣ таъмин мебошанд. Ҳамчунин 400 метри мураббаъ шишабандӣ карда шудааст.
Хушбахтона, роҳбарони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон мунтазам аз ҳоли ятимону бошандагони ин муассисаҳо бохабар шуда, мушкилоти пешомадаро сари вақт бартараф мекунанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст






