Озмуни байналмилалии табодули малакаҳои таълими забони чинӣ барои омӯзгорони Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид

Ноябрь 29, 2024 15:53

ДУШАНБЕ, 29.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 28 то 29 ноябр дар Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни байналмилалии табодули малакаҳои таълими забони чинӣ барои омӯзгорони маҳаллии Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Мусобиқаи қаҳрамонии омӯзгорони забони чинӣ дар соли 2024» баргузор гардид. Дар даври ниҳоии озмун 10 нафар довталаб аз 4 давлати Осиёи Марказӣ аз рӯйи намоиши дарс рақобат мекунанд. 

Озмун бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорони маҳаллӣ аз фанни забони чинӣ ва тақвияти ҳамкорӣ  ҷиҳати таълими забони чинӣ гузаронида мешавад.

Озмун аз ҷониби Маркази ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи забони Вазорати маорифи  Ҷумҳурии Мардумии Чин дар якҷоягӣ бо Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Дар маросими ифтитоҳи озмун таъкид гардид, ки омода кардани омӯзгорони маҳаллӣ яке аз омилҳои асосии рушди таълими забони чинӣ мебошад. Омӯзгороне, ки забони чиниро бевосита аз соҳибзабонон меомўзанд, на танҳо дар таълим, балки дар таблиғи ҳамкории фарҳангӣ  нақши муҳим   мегузоранд.

Зимнан бояд гуфт, ки  донистани забони чинӣ  дар  рушди ҳамкории  Тоҷикистон ва Чин саҳми арзанда мегузорад. Ин забон ба мутахассисон имкон медиҳад, ки дар лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ ва илмӣ фаъолона иштирок намоянд, дар донишгоҳҳои пешрафтаи Чин таҳсил кунанд ва бо технологияҳои нав шинос шаванд. Ҳамчунин, забони чинӣ пули мустаҳками фарҳангӣ буда, ба ду миллат имкон медиҳад, ки арзишҳо ва анъанаҳои худро беҳтар фаҳманд ва муаррифӣ намоянд.

      АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Ноябрь 29, 2024 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид