ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус

Ноябрь 24, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 24.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Арҷгузорӣ ба Парчами давлатии Тоҷикистон- арҷгузорӣ ба таърихи хуҷастаи мо, арҷгузорӣ ба миллату Ватан ва халқе аст, ки ин парчам ба он тааллуқ дорад. Он рамзи муқаддасе, ки ҳамеша болои сар мебардоранд ва нишони бегазанди ҳар миллату давлат маҳсуб мешавад, ҳифзу ҳимояи он қарзи ҳар шаҳрванд буда, барояш ҷон додан шараф аст, Парчами миллӣ аст.

«Арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ, ифтихори баланд аз он дар замони мо, дар замони эҳёи дубораи ин сарзамини куҳанбунёд ва давлатдории он беҳуда нест. Ифтихори парчамдорӣ – ифтихор аз Ватан аст, ифтихор аз миллати куҳанбунёди тоҷик аст, ки дар таърих бо парчамдорияш ном баровардааст»,-чунин изҳори назар намуд Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло дар мавриди оини парчамдории тоҷикон.
Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф манзур мешаванд.

— Биёед, ба ёд орем, ки нахустин қадамҳои худро Сарвари ҷавони давлати навбунёди тоҷикон пас аз баёни савганди сарварӣ ба кадом сӯ ниҳода буданд? Ба сӯи Парчами давлатӣ! Бале, бе ихтиёр ва бадоҳатан аввал пеши Парчами миллӣ сари зону нишаста, онро бӯсида, ба чашм молиданд. Яъне, эҳтироми Парчами миллӣ ва арҷгузорӣ ба он ҳамеша дар вуҷуди ҳар ҷавонмарди ин Ватан маҳфуз мондааст.

Аз ин рӯ, давоми ҳама даврони мавҷудияти Истиқлолияти давлатии мамлакати навэҳёи тоҷикон ҳама кору пайкори моро Парчами миллӣ роҳнамо буд. Ин аст, ки бо шарафи Истиқлолияти давлатӣ, вақте ки Парчами давлатии мо дар шафати Кохи миллат гузошта шуд, баландтарин дар ҷаҳон буду ба китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид гардид. Бо ҳамин шарофат аст, ки дар пойтахти Ватани мо, хосса боғе бо номи “Боғи Парчами миллӣ” бунёд ёфт. Дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон баландтарин иншоот бунёди Парчами давлатӣ аст. Мо рӯзи хосса ва иди хоссае бо номи “Рӯзи Парчами давлатӣ” дорем ва дар ин рӯз дар сари ҳар бому болои ҳар дари хонадони тоҷикон парчами миллӣ парафшон аст. Дар Рӯзи Парчами давлатӣ ҷавонони мо ҳама якдилу якҷон бо парчамҳо ба кӯчаҳо мебароянд ва дарёи парчам аз кӯчаҳои мо ҷорӣ мегардад. Арҷгузорие чунин, бо чунин муҳаббату эҳсосоти баланд нисбат ба Парчами давлатӣ дар дигар гӯшаҳои дунё кампайдо буда, ин далели муътамаде аз фарҳанги бузурги парчамдории мо аст.

Ҷойи сарфарозии мо аст, ки Парчами давлатии мо имрӯз на танҳо дар фарози осмони мамлакати амнпарвару сулҳхоҳамон, дар баландии қуллаҳои диёрамон, рӯи дастону болои сари ҷавонони ватандӯстамон, балки дар осмони амнияти сайёра низ парафшон аст. Имрӯз пешопеши сиёсати сулҳпарваронаву башардӯстонаи Пешвои миллати мо ин парчам дар минбарҳои баланди ҷаҳонӣ, дар гӯшаҳои мухталифи дунё, дар ҷамъомадҳои сатҳи баланди байналмилалӣ паёми сулҳу осоиш мебарад ва чун рамзи халқи адабпарвару башардӯсти миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо сарфарозӣ мекунад.

Парчами миллии мо аз қадимтарин парчамҳои дунё ва миллати хуҷастаи мо аз куҳантарин парчамдорони дунё ҳастанд. Метавон бо ифтихор гуфт, ки парчами аввалини мо рӯи дастони Коваи оҳангар аз ҷилди паланг бо пешбанди оҳангарии Коваи оҳангар ба номи адлу инсоф ва ҳимояи адолат боло гардида, давоми асрҳо рамзи озодиву адолати Ориёнои бузург, рамзи бузурги давлатдории Каёниён то Самониён ва дигар давлатдориҳои гузаштагони арҷманди мо будааст.

Оре, Парчами давлатии мо нишони фарҳанги бузурги халқи соҳибтамаддун, нишони фарҳанги дерини давлатдории тоҷикон аст, ки дар қатори қонунгузории ҳазоронсолаи миллии мо (манзур Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир) миллати моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.

Мо сарфарозем, ки ин парчами халқи некниҳоду адолатпарвар ва парчами пас аз имтиҳонҳои гарони таърихи ҳазоронсола маҳфузмонда имрӯз Парчами давлатии миллати озоду озодаманиши мо гардидааст. Поянда бод парчаме, ки бо номи адлу инсоф боло гардидааст! Поянда бод парчаме, ки сулҳу салоҳ бо худ мебарад.

Таронаи парчами миллӣ

Парчами давлатии мо, парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар канори Қасри миллат, дар баландии эътимоду эътиқод, дар замини меҳр ва зербуни муҳаббати мо сар ба осмонҳо афрохтааст.

Парчаме, ки рамзи муқаддаси озодӣ ва ҳувияти миллии халқи куҳанбунёд ва тамаддунпарвари тоҷик аст.

Парчаме, ки намои дурахшон ва симои мусаффои таърихи ҳазоронсолаи халқи маърифатофар ва башардӯсти мо аст.

Парчаме, ки баланд аст ва сари моро ҳамеша баланд медорад.

Парчаме, ки ба мо неру, шукуҳ ва ифтихори ватандӯстӣ мебахшад.

Парчаме, ки ёдҳои мозӣ ва таърихи миллати хуҷастахисолро дар худ ҷилвагар медорад.

Парчаме, ки аз пешбанди чармини Коваи оҳангар, аз пешбанди палангинаи ӯ бунёд ёфта, раҳнамои мардум дар роҳи дарёфти адлу инсоф будааст.

Парчаме, ки Фаридуни фаррухпай бар алайҳи Заҳҳоки морон онро раҳнамои пирӯзиҳо гардонидааст, яъне парчами некӣ бар муқобили бадӣ, парчами нишот бар муқобили ғаму андӯҳ, парчами озодагон бар муқобили зулму истибдод, парчаме, ки шараф ва нангу ори ориёнро бардоштааст.

Ин парчам ба мо на фақат шукуҳу сарбаландӣ мебахшад, балки эҳсоси ватандӯстиамонро низ бедор ва поянда медорад, муҳаббати ватанро дар вуҷудамон фурӯзон месозад.

Мо бисёрем, аммо парчами мо бо ҳама нусхаҳо яктост ва моро дар гирди худ ҷамъ меорад, ба ягонагӣ дар канори худ мехонад.

Дар ин парчам шараф ва нангу номус ва ҷавонмардиҳои миллати покизасиришти мо ҷилвагар аст.

Ин парчам бо ҳузури зебо, ҳузури муборак ва вуҷуди бегазанди худ моро огаҳӣ медиҳад, ки барои дифои ватанамон ҳамеша бо ҳама вуҷуд сарҷамъ ва омода бошем.

Ин Парчам намегузорад, ки мо лаҳзае бе масъулият бошем, фориғбол гардем, намегузорад шарафи ватанамонро аз ёд бубарем.

Аз ин рӯ, ин Парчам ҳамеша боло аст, аз ҳама ҷо падидор аст, то ҳамеша дар болои сари мо парафшон бошаду ба мо неруи ватандӯстӣ бубахшад.

Чаро парчамро ҳамеша болои сар мебардоранд, дар баландиҳо насб мекунанд, дар қуллаҳо устувор месозанд? Барои он ки парчам ҳамеша муқаддас аст, болотар аз ҳама манфиатҳо, болотар аз ҳама мавҷудоти дигар ва болои чашму сари мо ҷойгир аст.

Парафшониҳои парчам дар осмони поки мамлакати мо маънии зиёд дорад ва якеаш он аст, ки мо давлати сулҳпарварем ва бо парчами дурахшони худ мардумро ба сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ даъват мекунем. Мо ба худ ва ҳама олам сулҳ, тинҷиву амонӣ ва сарфарозиҳо таманно дорем.

Рангҳои сурху сафеду сабзи парчами мо рангҳои ишқу умеду шукуфоиянд, рангҳои нишоту некиву ҳиммат ҳастанд, се ранги дурахшони зиндагӣ мебошанд, ки аз онҳо мешавад ҳама рангҳои дигарро бунёд ниҳод.

Парчами мо нишонаи муҳаббати мо ба башар, ба инсоният аст, ишора ва даъвате ба осоиштагӣ ва амонии тамоми сайёра аст.

Парчами миллии мо нишони руҳи бешикаст ва иродаи мустаҳками миллати мо аст, ки аз овардҳои хунини асрҳо, аз обу оташи маргбори замонаҳо гузаштаву пойдор мондааст.

Парчами миллӣ ҳамеша рамзи ватандӯстӣ, рамзи ҳувияти миллат, рамзи садоқат ба Ватан ва рамзи пойдорӣ аст.

Оре, парчамдорӣ русуми миллати соҳибтамаддун аст ва мо сарфарозем, ки миллатамон аз аввалин парчамдорони дунё будааст ва ҳазорон сол пеш ливои рангини худро доштааст, ки давоми таърихи дарозу пур аз моҷаро онро ҳамеша ва бо ифтихор чун ҷон дар вуҷуд ҳифз доштаасту чун имон муқаддас шинохтааст.

Оре, ин парчам ҳазоронсолаҳо ҳифз гашт, гарчи душман борҳову борҳо хоки моро бехт, ҷисми моро сӯхт, аммо парчами муқаддаси мо ҳазоронсолаҳо дастнорас барои душманон буд, зеро ин ливо ҳамеша дар хуни мо, дар шараёни мо, дар ҷону дар имони мо ҳифз мешуд.

Имрӯз ин парчам бо мост, парчаме, ки дар он ҳама муқаддасоти мо: шараф, нанг, номус, обрӯ, ифтихор, ирода ва матонатамон ҷамъ омада, рамзи пойдорӣ гардидааст. Барои ҳамин он қимат аст, азиз аст ва дар баҳои ҷон аст.

Парафшон бод Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол! Парчами шараф ва номуси миллати некманиш, миллати хайрхоҳу башардӯст, миллати волотарин оину суннатҳои неки инсонӣ, миллати Наврӯзи хуҷастапай, миллати ҳунару фарҳанг ва шеъру суруд, миллати Шерак, миллати Кова, миллати Испитамон, миллати Рӯдакӣ, миллати Сино, миллати Эмомалӣ Раҳмон…

Эй парчами тоҷикон! Дар фарози бунёди неки мо ҳазоронсолаҳо парафшон будаӣ, инак дар фарози муҳаббати мо ҳазоронсолаҳо парафшон бимон!!!

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 24, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон