ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ДУШАНБЕ, 23.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олӣ тасдиқ шудааст, омадааст, ки Парчами давлатӣ дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати мамлакат, судҳои ҷумҳурӣ, мақомоти прокуратура, Бонки миллӣ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, вазорату кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти дигари идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ, қисмҳои ҳарбӣ, гузаргоҳҳо, дидбонҳо, нуқтаҳои гумрукии сарҳади давлатии Тоҷикистон насб карда мешавад. Ин матлабро ба хабарнигори АМИТ«Ховар» вакили Маҷлиси намояндагон Парвина Меликова иброз намуд.
Парвина Меликова илова намуд, ки Парчами давлатӣ инчунин дар нақлиёти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, сарвазир, роҳбарони ҳайатҳои давлатӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон берун аз ҷумҳурӣ ва шахсони дигар тибқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад.
Дар асоси муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои давлатӣ эътироф мешавад. 12 майи соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонун «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро имзо намуданд.
Бояд гуфт, ки вакилони мардумӣ дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар баробари рамзҳои дигари давлатӣ – Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ бобати қабули тарҳу намуди Парчами давлатии Тоҷикистон табодули афкор намуда, дар қабули Парчами нави Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузоштаанд.
Ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ эҳтиром ба руҳи қаҳрамонони миллат, яъне онҳое мебошад, ки давоми таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд. Он эҳтиром ба руҳи Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон гузаштагони мо мебошад.
Халқи тоҷик, ки дар замони Куруши Кабир соҳиби Эъломияи ҳуқуқи башар гардида буд, аввалин шуда, дирафш низ барафрохтааст.
АКС аз манбаъҳои боз








ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев






